logo

туризм

"ШАҲРАКИ ХУРД". БУНЁДИ ОН ДАР РУШДИ САЙЁҲӢ ТАЪСИРГУЗОР ХОҲАД БУД

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат масъалаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мавзӯи меҳварӣ буд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Воқеан, даромади иқтисодии аксар кишварҳои пешрафтаи дунё, дар баробари дигар захираҳо соҳаи сайёҳӣ ё ба истилоҳ туризм ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода, кишвари Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Туркияро мисол овардан ба маврид аст, ки аз ҳисоби қабули сайёҳҳон маблағи калон ба даст меоранд.
Дар кишвари бо мо дӯсти Ҷумҳурии Мардумии Чин низ масъалаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор рафта, ҷамъияти машғули соҳаро 60 миллион нафар ташкил менамоянд. Аз ин шумора 40 миллион нафар машғул ба фаъолияти сайёҳии дохилӣ мебошад. Рушди сайёҳии ин кишвар на танҳо Буҷети давлатро ғанӣ мегардонад, балки теъдоди зиёди афродро бо ҷои кор таъмин менамояд. 
Таассуроте, ки аз сафари сайёҳӣ дар кишвари Туркия бардоштем, хеле ҷолиб ва хотирмон буд. Барои қабул ва гусели меҳмонон дар ин кишвар шароитҳои сатҳи баланди хизматрасонӣ муҳайё карда шудааст. Яке аз лаҳзаҳои хотирмон ва ниҳоят муҳим тамошои «Шаҳраки хурд» ё ба истилоҳ «mini city» дар шаҳри Истанбул буд, ки дар мавзеи зебоманзаре ҷой гирифта, минтақаи сернуфуз ба шумор меравад. «Шаҳраки хурд» - и Истанбул дар майдони начандон калон ҷой гирифта, тамоми санъату тамаддуни мардуми турк аз гузаштаи дур то ба замони муосир тавассути амсила тарҳрезӣ гардидааст ва мавзеи дӯстдоштаи сайёҳҳон мебошад. Азбаски шаҳр хеле доманадор аст, сайёҳҳон дар як фурсати кӯтоҳ бо тамошои «Шаҳраки хурд» дар бораи ин кишвар маълумоти зарурӣ пайдо карда метавонанд. Илова бар ин, худи шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия, имконияти тамошои кишвари худро тавассути «Шаҳраки хурд» ба амал бароварда метавонанд ва бо пайдо намудани маълумот ифтихор аз  ватану миллати хеш мекунанд.
«Шаҳраки хурд» чунон сохта шудааст, ки бо гузоштани корти махсус, ки ҳар як сайёҳ дар вақти воридшавӣ харидорӣ менамояд, дар бораи ҷойҳои таърихӣ ба забони дилхоҳ тавассути тарҷумаи пешакӣ маълумот мегирад.
Ватани маҳбуби мо бо тамаддуни бостониаш шуҳрати ҷаҳонӣ дорад ва месазад, ки дар баробари бунёди иморатҳои баландошёна, қасру гулгашт ва хиёбону фароғатгоҳҳо дар пойтахт мавзееро бо исми «Шаҳраки хурд» бунёд намоем. Зеро Тоҷикистон ҷойҳои муқаддасе дорад, ки ба зиёрати он на ҳама мардуми тоҷик имконият доранд. Бунёди «Шаҳраки хурд» ин худ як осори зиндаи таърих ва тамаддуни миллат мебошад ва як роҳи даромади хуб аз ҳисоби ташрифи меҳмонони хориҷӣ ва дохилӣ гардида, садҳо нафар шаҳрвандон соҳиби ҷои корӣ мегарданд. Илова бар ин, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ ва мардумони касбу кори гуногун тавассути ташриф ба «Шаҳраки хурд» маълумоти заруриро доир ба тамаддуни миллат гирифта, як лаҳзаи холигии вақти худро босамар истифода карда метавонанд. Гузашта аз ин, бунёди «Шаҳраки хурд» сатҳи худшиносии миллии мардуми моро боз ҳам баландтар мегардонад. 
Муҳсин ШАРИФОВ,
дотсенти Донишкадаи давлатии забонҳои
Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 847
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед