logo

иқтисод

ШАҲРИТУЗ. «ЗЕБО – 75» - КОРГОҲЕ БАРОИ ИБРАТ

«Зебо -75». Ин коргоҳи дӯзандагӣ аз соли 2015 инҷониб истеҳсоли либосҳои мактабиро ба роҳ монда, то имрӯз қариб 30 ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудааст.

- Солҳои пеш дар ноҳия корхонаи «Зебо» фаъолият мекард. Маҳсулоти  он босифату хуштарҳ буд ва харидори зиёд дошт. Аммо бо сабабҳои мухталиф корхона аз фаъолият бозмонд. Мо онро бо номи «Зебо - 75» эҳё ва бонувони ҳунарманди хонашинро ба кор даъват намудем, - гуфт Ш. Бурҳонова, сардори корхона.
 Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар корхона 35 зани маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин буда, то 800 сомонӣ маош мегиранд. Дар мавсими омодасозии либосҳои мактабӣ шумораи кормандон ба беш аз 60 нафар мерасад. Дар назар аст, ки оянда дар ин ҷо барои 300 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойи кор муҳайё карда шавад.
Корхона баробари истеҳсоли либосҳои мактабӣ, инчунин, бо муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, хизматрасонӣ ва ҷамъияти матлубот барои омода намудани либоси ягонаи корӣ шартнома бастааст.
Соли 2017 «Зебо - 75» қариб 23000 хонандаро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намуд. Ҳамчунин, корхона ҳар сол аз ҳисоби даромади бадастомада ба зиёда аз 100 тарбиятгирандаи мактаб - интернати ноҳия ва ятимони кулл сарулибоси мактабӣ тақдим мекунад.    
Ҳар сол кормандон барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ба роҳ мондани намудҳои нави дӯхти сарулибос аз курсҳои омӯзишӣ гузашта, маҳорати худро сайқал медиҳанд. Ба гуфтаи Шаҳло Бурҳонова, корхона давоми се соли фаъолияти худ соҳиби сертификати сифати маркази минтақавии «Тоҷикстандарт» гардидааст. Дар оянда бо мақсади васеъ ба роҳ мондани фаъолияти корхона дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таъсис додани коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ масъулони корхона тасмим гирифтаанд, ки имсол дар тарҳи либосҳои ягонаи мактабӣ нақшҳои зебои миллиро илова намоянд.
- Мо, соҳибкорон, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат сипосгузор буда, маҳорат ва ҳунари хешро ба он равона менамоем, ки сатҳу сифати корамонро мувофиқи талаботи замон роҳандозӣ карда, дар таъмини занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва рушду нумӯи иқтисоди миллӣ саҳми арзишманд гузорем, - гуфт дар охири суҳбат Шаҳло Бурҳонова.
Кароматулло РАҲМАТОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 789
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед