logo

иқтисод

ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ОБ. ТАЛОШҲОИ ТОҶИКИСТОН ШОИСТАИ ТАҲСИНАНД

Баргузории иҷлосияи 72 - юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  аз рӯйи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии захираҳои об нахустин гом дар татбиқи даҳсола ба ҳисоб меравад.
Президенти мамлакат зимни суханрониашон дар чорабиниҳои сатҳи баланд ба ин муносибат омилҳоеро, ки доира ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, ба таври возеҳ  равшан карданд. Тавре Сарвари давлат, таъкид доштанд, бояд ҳама унсурҳо ва имконоти татбиқи амалии қатънома пурра истифода шаванд, махсусан  унсури фаромарзии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо нақши калидӣ мебозад. Мақсад таъмин кардани кишварҳои эҳтиёҷманд ба оби тозаи нӯшоӣ мебошад. Барои ин дар ҳавзу обанборҳои Тоҷикистон 45,3 километри мукааб захираи об мавҷуд аст. Захираи оби нӯшоии кишвар 19,3 километри мукааб, манбаъҳои обҳои зеризаминӣ 51,2 километри мукааб ва имконияти умумии солонаи истеҳсоли энергияи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 500 миллиард кВт - соатро ташкил медиҳад. Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон назар ба талаботи тамоми Осиёи Марказӣ ба энергияи барқӣ беш аз 3 баробар зиёдтар мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд.  Захираҳои асосии энергияи барқи обӣ дар минтақаи дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгиранд. Аз рӯйи масоҳат кишвари мо дар дунё ҷойи 85 - умро ишғол намояд ҳам, аз рӯйи захираҳои энергетикаи обӣ ҷойи 8 - ум ва аз рӯйи ҳаҷми қиёсии захираҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Бо чунин нишондиҳандаҳо  метавон гуфт, ки Тоҷикистон барои амалисозии иқдомҳои пешгирифта ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор якҷо бо ҳамсоякишварҳо қудрати азим дорад. Баргузории иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ташкили чорабиниҳои сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, ки барои Тоҷикистон ва халқи тоҷик боз як рӯйдоди бузурги таърихист, дар боло рафтани мақоми кишвар нақши муассир гузошт. Бори дигар собит гардид, ки ҳамкорӣ барои истифодаи босамари захираҳои об дар амалӣ намудани Ҳадафҳои Рушди Устувор мавқеи пешбарандаро касб намуда, талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода шоистаи таҳсинанд.
Д. ИСОЕВ,
сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2018    №: 76    Мутолиа карданд: 693
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед