logo

иқтисод

САНОАТ. ПАЖӮҲИШҲОИ НУҲУФТА

Рисолати олим ба вуҷуд овардани тарҳи илман асоснокшуда, аз ҷумла дар ҷодаи  истеҳсоли маҳсулоти маҳаллист.  Олимони  пажӯҳишгоҳ баҳри адои рисолат заҳмати зиёд кашида,  лоиҳаҳои  барои рушди саноати кишвар афзалиятдоштаро  тарҳрезӣ карданд. Аммо то ҳол ҷиҳати амалисозии  барномаҳои пажӯҳишии соҳаи саноати мамлакат ягон кори чашмрас анҷом дода нашудааст, чаро?

Шиносоӣ бо лоиҳаҳои болои ҳам хобидаи олимону мутахассисони  муассисаи давлатии  «Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии саноат» моро бо ин мушкил бештар ошно намуд. Тарҳҳои таҳиясохтаи масъулони ин даргоҳи илму таҳқиқ бештар коркарди ашёи хоми ватаниро дар бар доранд, ки аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар аст. Онҳо бо назардошти шароиту имкониятҳо таҳия шудаанд.  Вале бо гузашти солҳо сармоягузоре барои амалисозии онҳо иқдом накард, ки ақаллан дили муаллифони  лоиҳаҳоро  ба  пешбурди илми  соҳаи саноати кишвар  гармтар созад. Азбаски тарҳҳои мазкур амалӣ нагардиданд ва меҳнати чандсолаи олимони соҳа бенатиҷа монд, баъзе мутахассисони пажӯҳишгоҳ аз идомаи  таҳқиқот дар самти саноат даст кашиданд. 
Баҳодур Мирзоев, собиқ директори пажӯҳишгоҳ, бештар аз он гиламанд аст, ки соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва бархе аз масъулони ниҳодҳои иқтисодӣ натиҷаи кори олимони тоҷикро нодида мегиранд ва ба татбиқи лоиҳаҳои камсамари бегона  рӯ меоранд.
- Ҳоло дар утоқи кориам даҳҳо  лоиҳаи пураҳамияти коркарди металлу маводи кӯҳӣ, ки аз ҷониби олимону мутахассисони пажӯҳишгоҳ  омода гардидаанд, чанг гирифта, рӯи ҳам хобидаанд.  Лоиҳаҳои  дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони пажӯҳишгоҳ омодакардаи банда,  пеш аз ҳама,   коркарди ангиштсангу кокс,  истеҳсоли фосфорид ва хокаи алюминийро  дар бар мегиранд. Ҳоло дар бойгонии муассиса дар маҷмӯъ  қариб 20 лоиҳа оид ба  таъсиси коргоҳҳои бузурги саноатӣ мавҷуд аст. Барои амалӣ сохтани тарҳҳои мазкур борҳо  ба  соҳибкорону сармоягузорон муроҷиат намудам, вале натиҷа надод, - гуфт ӯ.
Суоле пайдо мегардад: шояд барномаҳои  омодакардаи мутахассисони пажӯҳишгоҳ  дархӯри замон нестанд ва сармоягузорон татбиқи онҳоро бесамар медонанд?          
Ба  гуфтаи Баҳодур Мирзоев, баръакс, лоиҳаҳое, ки бо заҳмати олимони тоҷик барои коркарди ашёи хом тарҳрезӣ гардидаанд, нисбат ба тарҳҳои ширкатҳои хориҷӣ баҳри пешрафти саноати мамлакат созгору пурсамартаранд. Дар пажӯҳишгоҳ мутахассисону олимони варзидаи ватанӣ, ки самтҳои афзали саноати ҷумҳуриро ба хубӣ омӯхтаанд,  фаъолият мекунанд. Онҳо захираҳои табиии мамлакатро  аз дигарон дида беҳтар медонанд ва истифодаи самараноки онро дуруст тадқиқ намудаанд. Муҳаққиқони пажӯҳишгоҳ қодиранд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда  мутобиқ ба талаботи замон  ва бозорҳои кишвар барномаҳо таҳия созанд. Масалан, «Барномаи   таҳқиқот ва таҳияи технологияи  истеҳсоли гилхок аз ашёи хоми кони Курговад (Бадахшони ғарбӣ)»,  ки аз ҷониби олимону  мутахассисони пажӯҳишгоҳ  омода  шуд, ҳоло бо дастгирии бевоситаи  Сарвари давлат  мавриди амал қарор дорад.  Мувофиқи барнома  аз гилхоки  мавзеи номбурда  дар  натиҷаи  коркарди  кимиёӣ оксиди  алюминий  гирифта  мешавад, ки  барои  истеҳсоли  арзиз дар Корхонаи  алюминийи  тоҷик  маҳсулоти хеле зарурист. Дар ҳама ҳолат соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ аз ҳамкорӣ бо пажӯҳишгарони соҳаи саноати мамлакат манфиат мебинанд, на зарар.
Кормандони пажӯҳишгоҳ бовар доранд, ки агар сармоягузор пайдо гардаду нақшаҳояшон мавриди амал қарор гиранд, фақат дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 30 корхонаи азим бунёд меёбад, ки маҳсулоти онҳо дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро соҳиб хоҳад шуд. Парвариш   ва коркарди соя (лӯбиёи чинӣ) яке аз барномаҳои афзали дигари  соҳа мебошад, ки дар шароити табиии Тоҷикистон ниҳоят самаровар  аст. Ин рустаниро ҳамчун зироати кишти дуюм парвариш намуда, аз он равғанҳои техникӣ ва маводи дигар истеҳсол кардан имкон дорад. Тарҳи  мазкур  чанд маротиб  ба соҳибкорони ватанӣ  пешниҳод гардидааст. Бо вуҷуди сердаромаду камхарҷ будани кори лоиҳа, мутаассифона, соҳибкорон ба он таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Зеро онҳо бо олимону мутахассисони пажӯҳишгоҳ ҳамкорӣ надоранд ва аз имконияту зарфиятҳои табиии кишвар бехабаранд. Дар самтҳои дигар низ чунин мушкилиҳо вуҷуд доранд.  Ин ҳолат ба рушди тадқиқоти илмӣ дар ҷодаи саноат ва истеҳсолоти ватанӣ таъсири манфӣ  хоҳад гузошт. 
Пас, чӣ бояд кард? Суолест, ки аз ҳар ду ҷониб посухи бетаъхир мехоҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2018    №: 81    Мутолиа карданд: 852
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед