logo

иқтисод

ФАРХОР. ВУСЪАТИ КИШТИ БАҲОРӢ

Кишоварзони ноҳия имрӯзҳо баҳри истифодаи самараноки замину об, ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳо ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини  амнияти озуқаворӣ  шабу рӯз меҳнат намуда истодаанд. Гарчанде камбориш омадани мавсими имсола мушкилӣ пеш овард, деҳқонон бо такя ба таҷрибаи фаровон ва меҳнати аҳлона ба пешравии кор бовар доранд.
Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳия, то имрӯз дар майдони 11244 гектар ғалладона, аз ҷумла 10206 гектар гандум, 876 гектар ҷав, 98 гектар лӯбиё, 70 гектар маккаи дон, кишт карда, парвариш ва нигоҳубини онҳоро хуб ба роҳ мондаанд.
Дар майдони 200 гектар картошка кишт шудааст. Соли ҷорӣ ба ноҳия 107 тонна тухмии хушсифати картошка ворид карда шуд ва барои зиёд намудани майдони кишти картошка мусоидат кард.
Дар майдони 530 гектар тарбузу харбуза коштанд. Чун ҳамасола деҳқонон дар мавзеи Кокул ва Сурхоб ба масъалаи кишти тарбузи зери плёнка диққати зарурӣ  дода шуда, саъю кӯшиш менамоянд, ки ҳар чи  зудтар бозорҳои ноҳия ва ҷумҳуриро бо  тарбузи хушсифат таъмин намоянд.
  Мувофиқи дурнамо, бояд дар майдони 1000 гектар сабзавот бикоранд. То ҳол дар 750 гектар сабзавот, аз ҷумла дар  400 га пиёз, 85 га сабзӣ, 74 га бодиринг, 70 га помидор, 55 га каду ва 50 га сабзавоти дигар, кишт шудааст.
  Кишоварзони ноҳия ба кишти сабзавоти барвақтӣ  таваҷҷуҳи хосса доранд. Ҳамин аст, ки ҳар сол бо истифода аз гармхонаҳои доимӣ  ва мавсимӣ бозорҳои ноҳия ва вилоятро бо бодиринг, помидор ва дигар намуди сабзавот  таъмин менамоянд.
 Деҳқонони ноҳия, мувофиқи дурнамо, имсол бояд дар майдони 10000 гектар кишти пунбадона гузаронанд. Маъракаи кишт имсол 15 рӯз пеш оғоз гардида, рӯзҳои наздик пурра ба анҷом мерасад.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2018    №: 82    Мутолиа карданд: 769
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед