logo

иқтисод

КӮЛОБ. АВЛАВИЯТ БА СИФАТИ МАҲСУЛОТ

Кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб якҷо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дигари марбута ҳолати риояи талаботи санитарию гигиениро дар бозорҳо, нуқтаҳои савдо, анборҳои нигоҳдорӣ ва коргоҳу нуқтаҳои тайёр кардани маҳсулоти ғизоӣ санҷида, камбудиҳои зиёдро ошкор сохтанд.

Тавре санҷишҳо нишон доданд, на ҳамаи соҳибкорону фурӯшандагон барои дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ нигоҳ доштану бо сифати хуб ба дасти харидорон расондани маҳсулоти истеъмолӣ масъулият эҳсос мекунанд.
Дар рафти санҷишҳо ба миқдори 69 ҳазору 104 килограмм маҳсулоти беҳуҷҷат, пастсифат ва муҳлати  нигоҳдориашон гузаштаи хӯрокворӣ, аз қабили гӯшт, тухм, маҳсулоти қаннодӣ, консерв, нӯшокиҳои ташнашикан аз муомилот боздошта шуданд. Нисбат ба 142 соҳибкору фурӯшанда ҷазои маъмурии мувофиқ ва ба маблағи 210 ҳазору 967 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Амали 11 соҳибкорро барои насупурдани ҷарима  суд баррасӣ мекунад. Ҳамзамон, фаъолияти 18 муассисаи соҳаи хӯрока бо сабаби ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набудани маҳсулоташон муваққатан то пурра бартараф сохтани камбудиҳо манъ карда шуд.
Бино ба иттилои муовини сардори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Насимов, давоми се моҳи соли равон ба маблағи 5787 сомонӣ (823 килограмм) маҳсулоти пастсифат аз муомилот гирифта шуд. Фаъолияти коргоҳи ҳасиббарории «Ориён – Рус-там» муваққатан боз дошта шуд. Аз ҳисоби маҳсулоти пастсифати ғизоии ин корхона 2 ҳодисаи заҳролудшавии шаҳрвандон рух дод, ки дар натиҷа 4 сокини шаҳри Кӯлоб дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ гардид. Тавре ба мо иттилоъ доданд, ҳоло баъди табобат вазъи саломатии онҳо ба эътидол омадааст.
Бе доштани иҷозатномаи сохторҳои ваколатдор тайёр кардани маҳсулоти консервии фурӯшӣ дар хонаҳо манъ аст, зеро маҳсулоти консервии хонагӣ аксаран бе риояи талаботи бехатарӣ ба саломатӣ, дар зарфҳои ғайристандартию худсохт, бе ба инобат гирифтани макону ҳарорати мувофиқ  нигоҳ дошта мешавад.
- Риоя накардани қоидаҳои омодасозии маҳсулоти консервӣ метавонад боиси пайдоиши бемории ботулизм - заҳролудшавии бисёр хатарнок гардад. Баъди заҳролудшавии ин шаҳрвандон мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб якҷо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бозорҳо ва марказу нуқтаҳои савдо санҷиши ғайринақшавии фаврӣ гузаронда, 300 кило маҳсулоти консервии дар шароити хона тайёршударо аз муомилот гирифтанд. Мо пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифати ғайристандартиро, ки барои саломатии мардум хатарнок аст, вазифаи муҳимтарини хеш дониста,  барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бехатарии маҳсулоти озуқавӣ ҳамеша талош менамоем, - гуфт Сайфиддин Насимов.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2018    №: 82    Мутолиа карданд: 616
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед