logo

иқтисод

МАЛАХ. ҲАНӮЗ МАСЪАЛАИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД

Мутаассифона, тайи чанд соли охир дар натиҷаи паҳншавии ҳашароти зараровар, хусусан малах, ба соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ хисороти зиёд мерасад. Тибқи  маълумоти Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», имсол бо сабаби гарму камбориш омадани фасли зимистон ва аввали баҳор тухмгузорӣ ва пайдоиши малах дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 20 - 25 рӯз пеш ба мушоҳида расид.
Дар мавзеъҳои Оби Тоҳир, Сиёҳкӯҳ ва Сурхоби Ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор, Тоҷиксойи Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ, Мирзоянси Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Озодии Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун, Қарагаза, Найза ва Дӯғии Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода, Боғи Ҷидда ва Чӯпоншаҳиди Ҷамоати деҳоти А. Ҳасанови  ноҳияи Шаҳринав, Хоҷабулбулони Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, Шӯртуғайи Ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ва чарогоҳҳои шаҳри Роғун нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар аз тухм баромадани малах барвақт ба қайд гирифта шуд. 
Вазъ дар мавзеъҳои паҳнгаштаи малахи марокашӣ ва хатари он ба хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, хеле ҷидист. Айни ҳол дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситодҳои доимоамалкунандаи мубориза бар зидди малах таъсис дода шуданд, ки ҳадафи асосии онҳо ба роҳ мондани муборизаи муташаккилонаю босамар барои нобудсозии ин ҳашароти зараррасон мебошад.
- Мутахассисони муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» вазъи мубориза бо малахро дар филиалҳои муассиса санҷида, барои мубориза бар зидди ин ҳашарот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд.
Тибқи маълумоти фаврии муассиса, масоҳати паҳнгаштаи ин ҳашароти зараррасон  то 16 апрели соли ҷорӣ 61 108 гектарро ташкил намуда, то имрӯз дар масоҳати зиёда аз 38 131 гектари он коркарди кимиёӣ  гузаронда шудааст. Дар вилояти Хатлон вазъ печидатар ба мушоҳида мерасад. Масоҳати паҳнгаштаи малах дар вилоят 53 830 гектарро ташкил намуда, дар масоҳати 32 996 гектари он коркарди кимиёӣ гузаронда шудааст.
Барои самаранок ташкил намудани мубориза ниҳодҳои масъули Тоҷикистон,  Афғонистон ва Қирғизистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ вохӯриҳои машваратӣ ва омӯзишӣ мегузаронанд.
- Пайдоиши малах як офати табиӣ аст. Танҳо бо фаъолияти кормандони муассисаи мо пешгирии саривақтии паҳншавии малах ва зарари он ба зироатҳои кишоварзӣ имконнопазир мебошад. Бинобар ин, бо мақсади рафъи мушкилот мо бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибони замин ҳамкории зич дорем. Бовари комил аст, ки ин ҳамкорӣ соли ҷорӣ низ барои несту нобуд кардани ҳашарот ва аз талафёбӣ эмин нигоҳ доштани дастранҷи деҳқонон самар меоварад, - гуфт Ш. Самадов, муовини сардори муассиса.
М. АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2018    №: 83    Мутолиа карданд: 739
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед