logo

иқтисод

САНОАТ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли сипаришуда маҳсулоти саноатӣ 17 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил дод. Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 20 миллиард  сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ қариб 5 миллиард сомонӣ зиёд аст. Суръати афзоиш беш аз 20 дарсадро ташкил намуд. Яъне, дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон марҳила ба марҳила иҷро гардида истодаанд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, соли сипаригардида дар саноати коркард ба андозаи 11,7 миллиард ва саноати истихроҷ 4,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Истихроҷи ангишт 1 миллиону 760 ҳазор тонна ва истеҳсоли семент зиёда аз се миллион тоннаро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарин дар давраи Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад. Рушди саноати истихроҷи маъдан низ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар соҳаи истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ 148,5 дарсад ва истихроҷи маводи энергетикӣ 120,3 дарсад таъмин гардидааст.
Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд шуда, талаботи бозор ба маҳсулоти саноатии  ватанӣ таъмин гардида истодааст. Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноат бештар дар бахшҳои истеҳсоли риштаи пахтагин, маҳсулоти фармасевтӣ, гаҷкартон, ранг, арматура, хӯрокворӣ, ширеш, коғази ташноб, сӯзишвории дизелӣ, қолин ва маҳсулоти қолинӣ, мебел, молҳои чармӣ, семент, ангишт, пойафзол, трансформатор ва либоси мактабӣ мушоҳида мешавад. Истеҳсоли қариб 70 намуд маҳсулоти рақобатпазири нави саноатии ивазкунандаи воридот, ба монанди халта, ротбанд, фториди алюминий, кислотаи сулфат, криолит, коагулянт, хишти сабук, гаҷкартон дар бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат роҳандозӣ гардид.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахшҳои ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат, истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.
Соли гузашта бо ҷалби 557,6 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ дар кишвар 170 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо фарогирии 3000 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст.
Дар семоҳаи аввали соли равон корхонаҳои истеҳсолӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият карда, ба маблағи 462,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла семент ба 774 ҳазор тонна ва гаҷкартон ба 525 ҳазор адад, расидааст. Дар корхонаҳои марбут ба соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар ин муддат ба маблағи 486,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар 5 корхонаи истихроҷи ангишт 185378 тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида қариб 15 дарсад зиёд мебошад.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 886
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед