logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ БА ВОДИИ ВАХШ

Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тӯли даҳ сол (1946-1956) дар вазифаи Котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бенуқсон кор кард. Замоне ки ӯ ин вазифаи муҳими давлатиро ба уҳда гирифт, на танҳо сокинони Тоҷикистон, балки кулли мардуми шӯравӣ дар барқарорсозии  харобаҳои ҷанг, рушду ба эътидол овардани иқтисоди фалаҷгашта камари ҳиммат баста буданд. Дар чунин шароит ба Бобоҷон Ғафуров лозим меомад, ки ба чаҳор гӯшаи Тоҷикистон сафар карда, пеш аз ҳама, бо рӯзгори одамон аз наздик шинос шавад, ба хотири рушди Тоҷикистон низ нақшаҳои навро тарҳрезӣ намояд.

Ҳукумати шӯравӣ раванди муҳоҷирати дохилиро, ки ҷанбаи сиёсӣ дошт, солҳои сиюми қарни гузашта оғоз карда буд. Беш аз як миллион муҳоҷир иҷборан ба Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ, интиқол дода шуд. Замони ҷанг бошад, ин сиёсат доман зад ва бештар аз чаҳор миллион олмонитаборҳои Поволже, казакҳои Астрахан, украинҳо, чеченҳою ингушҳо, тоторҳои Қрим, литвониҳо ба Осиёи Миёна кӯчонда шуданд. Солҳои 1932-1938 дар ҷануби Тоҷикистон 65 ҳазор нафар муҳоҷири сиёсӣ дар водии Вахш ба кор ҷалб шуд, ки аксари онҳоро олмонитаборҳои Поволже, сарватмандон - заминдорони собиқи Астрахан (кулакҳо), украинҳо, қисман лӯлиҳои Бессарабия ташкил медод. Муҳлати муҳоҷирати иҷборӣ  понздаҳ - бист сол муқаррар шуда буд. Бинобар ин, онҳо пас аз сипарӣ гаштани ин муҳлат ба КМ ҲКИШ ариза навишта, ба хотири бозгашт ба зодгоҳи хеш кумак мехостанд.
Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи вазифае, ки бар дӯш дошт, бо маслиҳату машварат бо Маскав чандин мулоқотро бо муҳоҷирони сиёсӣ дар водии Вахш ( 1949 - 1952)  анҷом медиҳад.
Соли 1997 вақте бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд, як сокини водии Вахш, собиқадори милитсия, суду прокуратура Салмон Мухторови 79 - сола, ки дар хоҷагии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷайҳун ба сар мебурд, хушхабарро хеле хуш пазируфт ва чун шоҳиди ду мулоқоти таърихии Бобоҷон Ғафуров бо муҳоҷирони сиёсӣ ва осебдидагони заминларзаи Ҳоит ин ҳарфҳоро ба банда гӯшрас кард.
 - Мулоқоти соли 1949 барои Бобоҷон Ғафуров хеле ҳузновар буд, - қисса намуд бобои Салмон, - зеро бо тасмими ҳукумат мебоист даҳ ҳазор нафар одамони аз заминларзаи Ҳоит ҷон ба саломат бурда, дар водии Вахш ҷойгузин ва соҳиби сарпаноҳ мешуданд. Ду ҳазори онҳоро худи муҳоҷирони сиёсӣ, ки дар колхозу совхозҳои хурду резаи навоҳии Ворошилободу Микоянобод ва Саройкамари ҳамонвақта ба пахтакорӣ машғул буданд, хуш истиқбол гирифтанд. Аввалҳои моҳи декабри ҳамон сол Бобоҷон Ғафуров ба назди осебдидагони заминларза ва муҳоҷирон ташриф овард. Мулоқоти эшон дар колхози ба номи Шверник ба вуқӯъ пайваст. Ҳаво хеле сард буд. Азбаски маҷлисгоҳи колхоз хеле хурд буд, Бобоҷон Ғафуров ҷамъомадро дар майдони кушод гузаронд. Ҷамъомадагон аз даҳ ҳазор бештар муҳоҷирони сиёсӣ ва осебдидагони заминларзаи Ҳоит буданд. Роҳбари аввали Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аз зилзила  наҷотёфтагонро хеле дилбардорӣ намуда, ба онҳое, ки наздикони худро аз даст дода буданд, арзи тасаллият намуд. Иброз дошт, ки Ҳукумати умумииттифоқӣ ва маҳаллӣ ба онҳое, ки ҳама чизро аз фалокати даҳшатбори табиӣ аз даст додаанд, ёриеро дареғ намедорад.
Қисми дувуми мулоқотро Бобоҷон Ғафуров ба баррасии аризаҳои муҳоҷирони сиёсӣ бахшид. Як соат ҳарф зад; вазъи дунёро таҳлил кард, ба муҳоҷирони сиёсӣ фаҳмонд, ки селоби ҷанги хонумонсӯз ватани аҷдодии аксари онҳоро ба вайрона табдил дода, барқарорсозӣ панҷ-даҳ соли дигар тӯл мекашад, ҷойи гарми худро азиз доранду зиндагиро дар водии Вахш идома бахшанд. Дар поёни суханаш Бобоҷон Ғафуров ба муҳоҷирони сиёсӣ хушхабар расонд, ки Сталин ҳамаро авф кард, дигар шумо муҳоҷирони сиёсӣ нестед, ҳақ доред ва ба куҷое, ки хоҳед сафар кунед.
Мулоқоти дувуми Бобоҷон Ғафуров соли 1952 бо фаъолони навоҳии Саройкамар, Микоянобод ва Ворошилобод боз дар колхози ба номи Шверник баргузор гардид. Дар ин ҷамъомади серодам се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт: муттаҳидсозии хоҷагиҳои хурд, муҳайё кардани манзил барои муҳоҷирони навоҳии кӯҳистон, ки ташаббускори он худи Бобоҷон Ғафуров буд ва баррасии пешниҳоди муҳоҷирони сиёсӣ. Ин се масъаларо худи Бобоҷон Ғафуров шарҳу тафсил дод. Ҳама онро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ карданд. Масъалаи сеюм – муроҷиати муҳоҷирони сиёсиро Ремпел, раиси колхози ба номи Шверник, қироат кард. Ба Бобоҷон Ғафурови сиёсатмадори варзида, роҳбари оқилу дилсӯз, башардӯсти матин муяссар гардид, ки дар он солҳо ҳазорҳо нафар муҳоҷирони сиёсии бадарғашударо, ки дар чаҳор гӯшаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар водии Вахш, кору зиндагӣ мекарданд, ба ҳаёт боз ҳам дилгарм созад, онҳо тоҷикону ин сарзамини биҳиштиро дӯст доранд ва барои ободии он чун шаҳрванди ин сарзамин фидокорона меҳнат намоянд. Ҳоло дар ҳар як ноҳия пайвандони муҳоҷирони сиёсӣ, ки бо ҳукми тақдир зиндагиро сипарӣ кардаанд, боқӣ монда, Тоҷикистонро ватани аслии хеш медонанд.
Б. САЛМОНОВ,
Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2018    №: 85    Мутолиа карданд: 976
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед