logo

фарҳанг

КОНИБОДОМ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ

Ёдгории таърихию меъморӣ - Мадрасаи Ойим, ки дар шаҳри Конибодом ҷойгир аст, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ва маблағгузории  Сафорати ИМА таъмир мегардад.

Бинобар иттилои Бурҳониддин Ҷабборӣ, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом, барои таъмир беш аз 77 ҳазор доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа ин маблағ бояд дар 4 марҳила ҷудо гардад. Марҳилаи аввали он аллакай анҷом пазируфт. Ҳоло марҳилаи дувуми таъмир идома дорад. То имрӯз боми мадраса аз таъмир бароварда шуда, корҳои таъмирӣ дар ду масҷид ва саҳни он идома доранд. Тибқи нақша то охири соли 2019 Мадрасаи Ойим бояд пурра аз таъмир бароварда шавад.
Он дар роҳи қадимаи Конибодом – Қуқанд, самти роҳи деҳаи Патар, воқеъ аст. Мадраса хеле бузург буда, аз 27 ҳуҷра ва ду масҷиди калон иборат мебошад. Ба иттилои Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, Мадрасаи Ойим ёдгории асрҳои 16 – 17 буда, дар заминаи мадрасаи пешин, ки дар ҳамин мавзеъ мавҷуд буд, сохта шудааст. Баъдтар аз сабаби фарсуда шуданаш зани сарватманди маҳаллӣ онро, ки аслан барои таълими занон пешбинӣ шуда буд, таъмиру бозсозӣ менамояд. Дар натиҷа мадраса номи Ойимро мегирад.
Мадрасаи мазкур, ки нахустин маркази илмию таълимӣ барои занону духтарон дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ҳамчун ёдгории таърихии аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба қайд гирифта шуда, соли 2015 аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи силсилаи ёдгориҳои таърихию меъмории  ҳавзаи  Сирдарё  шомил гардидааст.
Шералӣ Хоҷаев иқдоми пешгирифтаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодомро, ки бо мақсади ҳифзи мероси ниёгон ва рушди соҳаи сайёҳӣ нигаронда шудааст, саривақтӣ ва ҳатто барои дигар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар намунаи ибрат медонад.
- Дар иҷрои  аксари бандҳои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 - 2020» мақомоти маҳаллӣ барои таъмиру тармими ёдгириҳои  дар ҳудуди маҳаллаашон буда  муваззафанд. Аммо, мутаассифона, на ҳама мақомот барои таъмиру барқарорсозӣ иқдом мегиранд, ки ин боиси пурра иҷро нагардидани барнома ва таъмирталаб боқӣ мондани ёдгориҳо мегардад. Итминон дорем, ки баъди пурра таъмир шудан, ин ёдгории таърихӣ ба макони тамошобоби сайёҳӣ табдил меёбад, - мегӯяд Ш. Хоҷаев.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 705
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед