logo

фарҳанг

АСРОРИ ҲУНАР

Мо намунаҳои бисёр зебову дилнишини гулдӯзиҳоро дидаему завқ бурдаем. Аз ҷумла, гулу булбул, дарахту барг, нақшаҳои мушкили ҳандасавӣ ва дигар ҷузъиёти гулдӯзиҳо моро тасхир кардааст. Аммо қаҳрамони мо – Машварат Лутфиллоева дар ин ҷода ба як силсила корҳои тоза даст зада, тавонистааст нақшҳои қаҳрамонони тоҷик, дарёву кӯлҳо, афсонаву ривоятҳо ва мазмуни модарномаву ошиқонаҳои бадеиро дар гулдӯзияҳояш инъикос намояд.
Машваратбону ҳамроҳи аҳли оила маҳз ба хотири тавсеаи ҳунараш ба шаҳри Душанбе омад. Инак, чанд сол мешавад, ки ин ҷо дар баробари ҳунармандӣ, дар мактаби № 72 пойтахт ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул аст. Аслан, ӯ омӯзгори синфҳои ибтидоист. Бо вуҷуди серкорӣ тадриҷан маҳсули ҳунараш дар намоишгоҳҳои хурду бузурги мактабӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ пешкаши бинандагону шавқмандон мегарданд. Ниҳоят муштариёни корҳои ӯ афзуда, дар кӯтоҳтарин муддат меҳмонону сайёҳони хориҷиро ҳам тасхир мекунад.
Воқеан ҳам, ҳунар муъҷиза меофарад. Машварат Лутфиллоева бо меҳру муҳаббат ва маҳорати хосса чунон меҳнат мекунад, ки ҳар як тасвир дар гулдӯзиҳо тавассути риштаҳо зиндаву зебо ҷило медиҳанд. Вақте шумо бо намунаҳои ҳунари он кас ошно мешавед, ба як хулоса меоед: «Бо риштаҳо ҳам мешавад расм кашид».
- Гузаштагони пуршарафи камина аз аҳли ҳунар буданд. Ҳанӯз тифл будаму ёд дорам, ки чи гуна модару бибиям гулдӯзӣ мекарданд, бо матоъ, ришта, сӯзан ва рангҳо бозӣ карда, бо замзамаи «Шашмақом» маҳсули ҳунарӣ меофариданд. Албатта, дар чунин муҳит будан, хушоянд буд ва ҳамин минвол меҳри ҳунарҳои мардумӣ дар сиришти мо низ ҷой гирифт ва то имрӯз бо ҳунар – бо риштаву сӯзан нафас мекашем. Ростӣ, яке аз хусусиятҳои ҳунар ин аст, ки шуморо аз дарди бекорӣ мераҳонад ва на танҳо зиндагиатонро рангин, ризқатонро фаровон, балки ҷисману рӯҳан зебову солим нигаҳ медорад, - изҳор медорад қаҳрамони мо.
Аз ҷумла, намоиши дар бинои «Душанбе-плаза» баргузоргаштаро чунин ба ёд меорад: «Соли 2010 дар бинои «Душанбе-плаза» намунаҳои гулдӯзии худро дар баробари ҳунармандони дигар ба намоиш гузошта менишастем, ки бонуи ҳабаштаборе, ки Рита ном доштааст, ба маҳсули дасти камина сахт таваҷҷуҳ кард. Қариб панҷ дақиқа гулдӯзиҳоро мушоҳида карда, нобоварона бо англисӣ чизе гуфт, ки «мошинаш»-ро фаҳмида, зуд пай бурдам, ки гумони нодуруст мебарад. Сӯзан, ришта ва дигар лавозимоти кории худро нишон додаму фаҳмондам, ки ин сирф кори дастист. Воқеан ҳам, бовар ҳосил кард».
Пас аз шиносоӣ ва шунидани асрори ҳунарҳои дастии тоҷикӣ номбурда пешниҳод мекунад, ки тасвири Мавлоноро гулдӯзӣ кунад ва барои ин амал дастмузди хубе ҳам доданист. Ва Машваратбону тасвири шоирро бо меҳру ихлоси хосса сӯзанӣ кард ва баъди гузашти соле меҳмони хориҷӣ омада, Мавлоноро бо худ бурд.
Ҳоло ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Машваратбону сар аз риштаву сӯзан бардошта наметавонад. Ангуштбона ба ангуштонаш ҳар лаҳза бо риштаҳои рангоранг нақшеро меофарад. Бо риштаҳо не, балки бо нури чашмони худ рӯи матоъ гул мезанад.
Воқеан, аз ин ва ба ин монанд воқеаҳои фараҳбахш, ки далели безаволу мондагор будани ҳунар аст, дили касро ҳисси ифтихор пахш мекунад. Дар ҳақиқат, ҳар миллатро бо ҳар гуна датовези илмию ҳунарӣ ва техникию фарҳангӣ мешиносанд. Дар ин росто, халқи тоҷикро бо Наврӯз, адабиёт, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла бо "Шашмақом", Фалак, оши палав ва дигар ҷашну оинҳои нек ва ҳунарҳои нотакрораш шинохтаанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 696
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед