logo

фарҳанг

ОСТОНА. ДАСТОВАРДИ НОШИРОНИ ТОҶИК ДАР НАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБИ АВРУ-ОСИЁ

Аз 25 то 28-уми апрели соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ин намоиш баргузор гардид. Барои се нафар намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ато Ҳамдам, нависанда, ба намояндагӣ аз Иттифоқи нависандагон, Муҳсинҷон Исобоев роҳбари ҶДММ “Ношир” - и шаҳри Хуҷанд ва инҷониб Сироҷиддин Икромӣ, роҳбари КДТС “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин маъракаи фарҳанги сатҳи байналмилалӣ даъват шуда будем, муяссар гардид, ки маҳсули дасти ноширони тоҷик (Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик, Муассисаи нашриявии “Ирфон”, ҶДММ “Ношир” ва ҶДММ “Эр-граф”)-ро ба маърази ҷаҳониён гузорем. Дар ин чорабинӣ ба намояндагӣ аз 20 давлат наздик ба 150 нашриёт ширкат варзид.
Барои 5 номинатсия ва Шоҳҷоиза баргузории озмун дар назар дошта шуда буд, ки ба он наздики 100 китоб пешниҳод гардид. Китобҳо ҳам аз нигоҳи муҳтаво ва ҳам аз нигоҳи сифат хеле хуб буданд. Барои интихоби беҳтаринҳо баҳсу мунозараву мушкилиҳо пеш омад, вале билохира, ҳайати кории озмун бо назардошти ҳамаи андешаҳо ба хулосаи ниҳоии худ расид. Маҳсули ноширони тоҷик мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт ва дар номинатсияи “Беҳтарин китоби дарсӣ” китоби  пешниҳоднамудаи ҶДММ “Ношир” (Осимова Б. ва Сангинова С. “Дастури таълими забони русӣ барои синфҳои 6-и мактабҳои тоҷикӣ”) ба Дипломи дараҷаи III, дар номинатсияи  “Беҳтарин китоби кишваршиносӣ”  албоми Муассисаи нашриявии “Ирфон” бо номи “Тоҷикистон” ба Дипломи дараҷаи II, дар номинатсияи “Фарҳанг ва санъат” маҳсули заҳмати Сарредаксияии илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик барои “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик дар 2 ҷилд” ба Дипломи дараҷаи I сазовор дониста шуданд.
Сарредаксияии илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик барои омодасозӣ ва ҶДММ “Эр-Граф” барои чопи “Донишномаи кӯдакон ва наврасон” соҳиби 2 Шоҳҷоиза гардиданд.
Ноширони тоҷик дар маҷмӯъ бо 10 диплом ва 2 Шоҳҷоиза ба Ватан баргаштанд, ки ин беҳтарин дастоварди онҳо дар даврони соҳибистиқлолиамон мебошад.
Сироҷиддин ИКРОМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87    Мутолиа карданд: 646
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед