logo

туризм

ИСФАРА. САЙЁҲӢ ДАР ҲОЛИ РУШД

Шаҳри  бостонии Исфара таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад.  Дар шаҳр бештар аз 110 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки аксари онҳо  ба давраҳои гуногуни таърихӣ мансубанд. Ҳамчунин, табиати дилангезу нотакрор, обҳои мусаффои рӯду чашмасорони ин гӯшаи сарсабзи диёр қалбҳоро тасхир кардаанду офаридаҳои ҳунармандони гулдасташ дар олам маъмулу машҳуранд.
Бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018  дар шаҳри Исфара чун дигар манотиқи туристии кишвар ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва таъсиси хатсайрҳои нав тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Бино ба иттилои  мудири бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Муртазо Эгамзод соли 2017 зиёда аз 6 ҳазор сайёҳ аз Исфара дидан кард.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Исфара барои ба роҳ мондани сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва табобатию солимгардонӣ иқтидори бузург дорад. Махсусан, туризми таърихӣ-фарҳангӣ дар ин ҷо рушд кардааст. Ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон барои дидани оромгоҳҳои Ҳазрати Шоҳ, Хоҷа Рӯшноӣ (асрҳои X-XII) ва Хоҷа Насрулло (асри XIV) меоянд. Ин ёдгориҳои таърихӣ аз лиҳози  меъморӣ ва илмӣ басо нодиранд. Дар баробари ин, аз наздик дидани катибаҳои рӯйи санги Ҷамоати деҳоти Ворух, ки бо хати куфӣ навишта шудаанд, барои сайёҳон мароқангезанд.
Ҳоло харитаи  сайёҳӣ таҳия шуда, дар шаҳр 7 хатсайр амал мекунад. Ҳамчунин, дар мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр таҳияи хатсайрҳои нав дар назар аст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2018    №: 89    Мутолиа карданд: 825
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед