logo

иқтисод

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. МАЛАХ МАҲВ МЕШАВАД

Малахи марокашӣ офати табиӣ буда, ба соҳаи кишоварзӣ зарари калон мерасонад. Солҳои охир дар ноҳия барои пешгирии паҳншавии малах аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии ниҳодҳои масъули ҷумҳуриявӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳия бо шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Ҳисор, Қубодиён ва ноҳияи Узуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Малахи болиғ аз дигар мавзеъҳо парвоз намуда, барои тухмгузорӣ ба ҳудуди ин деҳот меояд.
Сабзаалӣ Шокиров, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, ки солҳои 2006 - 2010 малах ба соҳаи кишоварзии деҳоти Эсанбой ҳар сол зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ зиён меовард. Солҳои 2011 - 2017 дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳо бар зидди он осеби малах ба зироатҳои кишоварзии аҳолии деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле коҳиш ёфт. Майдони паҳншавии малах дар 7 соли охир беш аз 12 маротиба кам шуд.
Баҳодур Саидов, раиси Ҷамоати деҳоти Эсанбой, гуфт, ки бо мақсади роҳ надодан ба паҳншавӣ, эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо ҷиҳати ташкил намудани муборизаи босамар бо малах дар ҳудуди деҳот аз ҷониби муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» 1 автомашина, 1 мототсикл, 1 трактори МТЗ - 82 бо ТОС - 2000, 4 дорупошаки муҳаррикдори дастӣ, 298 литр заҳрдору, 603 литр сӯзишвории дизелӣ ва 204 литр бензин ҷудо шудааст.
- Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки малах тухм гузошта, аз нав хуруҷ мекунад. Аз ин рӯ, барои пешгирии паҳншавии он бо амри раиси ноҳия аз 15 март ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, кор тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии паҳншавии малах ва эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ ҷараён дорад, - зикр кард Б. Саидов.
Тибқи иттилои Сабзаалӣ Шокиров, имрӯзҳо бар зидди малах дар деҳаҳои Сайёд, Ишқобод, Хоҷабулбулон, Марғзор - 1, Марғзор - 2, Эсанбой, Қалъа, Гулибодом, Чангоб, Насими Кӯҳсор ва Шӯриён муборизаи муташаккилона вусъат ёфтааст.
Шаҳбоз АБРОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 820
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед