logo

фарҳанг

ЗИНДА ОН НОМЕ, КИ ДАР ДИЛҲОИ МАРДУМ ҶО ГИРИФТ

Ин мақолаи ёддоштиро бо ҳисси баланди ифтихор менависам. Ин ифтихори меҳроганда аз бобоям омӯзгор, рӯзноманигор ва интернатсионалист – Чӯлибой Комилов мерос мондааст. Ифтихори ман боз аз он аст, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз иштирокчиёни ҷанги Афғонистонро бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробарҳуқуқу баробаримтиёз эълон дошта, ҳамасола дар арафаи Рӯзи Ғалаба онҳоро қадр мекунад.
Чӯлибой Комилов зодаи шаҳри Истаравшан буда, соли 1964 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон сафарбар гардид. Аз хизмати ҳарбӣ бо сари баланд баргашта, дар донишгоҳи хатмкардааш, дар Академияи илмҳои педогогии Тоҷикистон, ва чанд муддат дар нашриёти «Ирфон» дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурд.
Соли 1983 вақте Чулибой Комилов барои иҷрои қарзи интернатсионалистии хеш ба майдони ҷанг роҳ гирифт, рутбаи капитанӣ дошт. Азбаски гӯшаву канори гуногуни сарзамини Афғонистонро нағз медонист, тактикаи ҳарбиро ҳамаҷиҳата мефаҳмид ва ронандаи хуби танк низ буд, ӯро ҳамчун ҷавонмарди шуҷоъ, далер ва кордон эҳтиром мекарданд. Ба хотири шуҷоату мардонагиаш 13 августи соли 1984 бо ордени «Ситораи сурх» сарфароз гардид. Чулибой охири ҳамин сол, 10 декабр ҳангоми иҷрои амалиёт дар ҷои ҳодиса ҳалок мешавад.
Пас аз марг ному нишони ӯ аз байн нарафт. Баръакс Ҳукумати онвақтаи шӯравӣ хидматҳои ӯро бо Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии СССР ва медалҳои «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «Ба ҷанговари интернатсионалист аз халқи миннатдори афғон» қадр кард.
Қаҳрамонии Чӯлибой Комиловро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қадр карда, бо Қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон соли 1991 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24 даҳаи Обқарчағойи шаҳри Истаравшанро ба номи бобоям гузоштанд. Имрӯз ҳам ин муассиса номи Ч. Комиловро дошта, хона-музеяшон ихтисос ёфтааст.
Шерзод КОМИЛОВ,
омӯзгори МТМУ № 24 – и шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2018    №: 90    Мутолиа карданд: 1261
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед