logo

иқтисод

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА

Сокинони ноҳияи Лахш ба мавсими кишту кори баҳорӣ омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Тавре Ато Ҷӯрабеков, муовини раиси ноҳияи Лахш, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, қисми зиёди заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, барои обёрии онҳо пойгоҳҳои обкашӣ бунёд ёфтанд ва каналҳои ҳудуди ноҳия пурра аз таъмир бароварда шуданд.
Ба гуфтаи Ато Ҷӯрабеков, соли гузашта кишоварзони ноҳия дар майдони 2302 гектар картошка кишт намуда, беш аз 87 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданд. Аз картошкаи истеҳсолшуда 24430 тоннаро ба шаҳри Душанбе, 10530 тоннаро ба вилояти Хатлон, 330 тоннаро ба шаҳри Турсунзода, 1385 тоннаро ба шаҳри Ваҳдат ва 1498 тоннаро ба шаҳри Ҳисор фурӯхтанд.
Бо тавсияи мутахассисон соли сипаришуда дар ноҳия навъҳои тухмии ба иқлими маҳал мувофиқ кишт гардиданд, ки барои рӯёндани ҳосили хуб замина гузошт. Имсол дар назар аст, ки майдони кишти картошка дар ноҳия ба 3000 гектар расонда шавад. Бинобар ин, аз моҳи январи соли ҷорӣ фурӯши тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ манъ гардида, тухмиҳои хушсифат дар сардхонаҳо барои кишти баҳорӣ захира карда шуданд.
- Тавре огоҳӣ дорем, нархи картошка дар бозорҳои ҷумҳурӣ дар мавсими кишти он меафзояд. Агар мо ҳамаи захираҳои картошкаамонро мефурӯхтем, дар мавсими кишт дастрасӣ ба тухмии хушсифат мушкил мешуд. Ноҳияи мо мувофиқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ аз ҷиҳати иқлим ва хок барои кишти картошка хеле мувофиқ аст. Аз ҳамин лиҳоз, сокинони ноҳияи мо ҳамеша барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум саъю талош менамоянд, - гуфт Ато Ҷӯрабеков.
Х. ШАМСИДДИНОВ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2018    №: 92    Мутолиа карданд: 822
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед