logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН - АРАБИСТОНИ САУДӢ. ҲАМОИШИ СОҲИБКОРОНУ САРМОЯГУЗОРОН

Ҳамоиши соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ бо иштироки роҳбарону масъулони вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорон, намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва ширкатҳои ду кишвар дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» баргузор гардид.
- Тоҷикистон на танҳо дорои сарватҳои беназири табиист, ҳамчунин, барои фаъолияти муназзами соҳибкорӣ ва таъмини амнияти сармоягузорӣ пойгоҳи муътамади қонунӣ фароҳам оварда шудааст. Тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барои фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ  70 намуди имтиёз ва 240 сабукӣ муқаррар гардидаанд. Сармоягузорони арабӣ имкон доранд, ки дар самтҳои гидроэенергетика, оби тозаи нӯшиданӣ, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиёт бо назардошти захираҳои фаровон бо соҳибкорони тоҷик ҳамкории густурда  намоянд, - изҳор дошт Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
Ба гуфтаи Бадр Муҳаммад ал - Бодӣ, директори департаменти робитаҳои байналмилалии шартномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, сармоягузорони ин кишвар бештар дар самтҳои авиатсия, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва занбӯриасалпарварӣ ба ҳамкории муштарак бо соҳибкорони тоҷик ҳавасманданд. Ҷиҳати амалигардонии барномаҳои дарозмуддат дар соҳаҳои мазкур беҳбудӣ бахшидани ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ зарур аст.
Ҳамзамон, тавассути навор имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар самти кишоварзӣ, гидроэнергетика ва сайёҳӣ, ба доираи соҳибкорию сармоягузории Арабистони Саудӣ муаррифӣ гардид.
Дар қисмати дигари ҳамоиш роҳбарону намояндагони ширкатҳои Арабистони Саудӣ, аз ҷумла «Shahara Global Investment LLC», «Асал ва зиндагӣ», «Agar Hous», «Al - Murabaa Investment Co»   «Al – Zahrani Aviation Servies», барои ба роҳ мондани фаъ-олияти муштарак бо соҳибкорони тоҷик гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Сармоягузорони хориҷӣ, пеш аз ҳама, ба парвариши занбӯри асал, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш мароқ зоҳир намуданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2018    №: 92    Мутолиа карданд: 863
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед