logo

туризм

ГУЛИСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САЙЁҲӢ

Гулистон дар баробари шаҳри саноатӣ будан, бо мавзеъҳои тамошобобу осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо” ва “Соҳил” имрӯз чун макони саёҳату фароғат дар кишвар ва берун аз он машҳур гаштааст. Ва маҳз ҳамин омил боиси он шудааст, ки  теъдоди   сайёҳони хориҷӣ сол ба сол меафзояд.  Чунонки  Маҳбуба Шодизода, мудири бахши иқтисодӣ ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ дод, танҳо дар се моҳи аввали соли равон дар осоишгоҳҳои Гулистон беш аз  6 ҳазор нафар  истироҳат кардаанд.
Бо эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҷалби бештари сайёҳон тадбирҳои мушаххасу муассир меандешад. Роҳҳои мошингарду пиёдарав, пайраҳаву гулгаштҳо мувофиқ ба талаботи рӯз таъмиру азнавсозӣ ва канори роҳҳо бо дарахтони ҳамешасабзу гулҳои рангоранги мавсимӣ ороиш дода мешаванд.
Дар баробари ин, тавре сармеъмори шаҳр Муҳаммадҷон Тошматов иброз дошт, дар шаҳр корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, рӯзҳои наздик бунёди Маҷмааи фарҳангию фароғатии “Маркази Сомониён” шурӯъ мешавад. Тибқи лоиҳа, масоҳати маҷмаа  қариб 0,9 гектарро ташкил дода, дар он ҳайкали асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ, Нишону Парчами давлатӣ (бо баландии 30 метр) ва силсилафаввораҳои замонавӣ қомат хоҳанд афрохт. Аз лиҳози нақшу нигор тарҳи онҳо ба замони муосир мутобиқ буда, бо анъанаҳои шаҳрсозии шарқӣ  ороиш меёбанд. Интизор меравад, ки Маҷмааи фарҳангию фароғатии “Маркази Сомониён” дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Инчунин,  имсол дар шаҳри Гулистон бинои дуошёнаи замонавии мактаби санъат барои 200 хонанда мавриди истифода қарор мегирад.
Муҳаммадҷон Тошматов афзуд, ки шаҳри сайёҳиро бе толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ наметавон тасаввур кард. Аз ин рӯ, шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки давоми ду сол дар гӯшаву канори шаҳр аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон 30 варзишгоҳи хурд бунёд созад.
Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар шаҳри Гулистон 25 иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ сохта мешаванд, ки барои рушди Гулистон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҷовиди АШТӢ,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2018    №: 93-94    Мутолиа карданд: 845
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед