logo

фарҳанг

ШОИРЕ МОНДА ДАР ДИЛҲОИ МАРДУМ

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар баргузор гардид. Нахуст иштирокчиён аз хона – музейи устод дидан намуда, дар пояи нимпайкараи адиб гулчанбар гузоштанд.
Дар чорабинӣ адибону рӯзноманигорон ва ҳунармандону адабиётшиносон аз гӯшаву канори кишвар ширкат варзида, аз ҳаёту фаъолияти  шоир ҳарф заданд.

- Шоир ҳамчун шахсияти тавоно барои рушду нумуи фарҳанг ва маорифи ин минтақа ва дар маҷмӯъ дар инкишофи адабиёти тоҷик хизматҳои арзандаеро анҷом дод. Ӯ мубаллиғи дӯстию рафоқат, рафиқи ҷонии аҳли адабу ҳунар буд ва бо ҳамин аз хотираҳо зудуда намешавад, - изҳор дошт муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Саломиддин Каримзода.
Мавсуф баъди хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба сифати хабарнигори Радиои ҷумҳурӣ, сипас ҳамчун мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» фаъолият бурда, дар ин росто аз кори омӯзгорӣ лаҳзае фориғ набудааст. Бо фаъолияти рӯзноманигорӣ ва омӯзгорӣ, инчунин, пайваста шеър мегуфт, дар шаҳр маҳфилҳои эҷодӣ ташкил мекард, бо тарҷумаи осори адибони халқҳои дигар машғул мешуд ва дар ҳамаи ҷабҳаҳои кор ҳамчун инсони меҳнатдӯсту ҳимоятгари манфиати ҷамъият худро нишон дода тавонистааст.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, девони Ашӯр Сафарро муаррифӣ намуда, баён дошт, ки шоир ба адабиёт бо маҷмӯаи нахустини ашъораш - “Ибтидои роҳ” қадам гузошта, аз ҷониби мухлисони адабиёт ва устодони сухан баҳои сазоворро соҳиб гардид.
- Ашӯр Сафар аз оғоз ба назари устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Ғаффор Мирзо афтода, дар кӯтоҳтарин муддат собит намуд, ки ӯ дар эҷоди асарҳои ғаноиву ҳаҷвӣ ҷиддӣ ва масъулиятшиносу пуртакопӯст, - афзуд Низом Қосим.
Шоир бавижа дар гуфтани шеъри ҳаҷвӣ ва баёни ҳунармандонаи дарду ормони мардуми меҳнаткаш дасте тамом дошт. Намунаи шеърҳояш ба забонҳои русӣ, арманӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғайра тарҷумаву нашр гардида, китобҳои алоҳидаи ашъораш бо забони русӣ таҳти унвони “Плоды жизни”, “Цветок луны” (Маскав) ва “Гулчини ашъори Ашӯр Сафар” дар Эрон интишор ёфтаанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад таъкид дошт, ки Ашӯр Сафар бо сухани ширину табъи латиф дар байни мардум маҳбубияти хосса пайдо кард ва ҳамин аст, ки имрӯз пиру барно зикри хайрашро мекунанд. Шоир солҳо омӯзгори мактаби нобиноён буд ва дар давоми зиёда аз 45 сол таълиму тарбияи фарзандони халқро бар дӯш дошт. Дар баробари ин, фарзандони худро низ инсонҳои нек тарбия кард. Имрӯзҳо чароғи хотиру маҳфили адабии ӯро писаронаш Гурез Сафар ва Файзи Ашӯр фурӯзон нигаҳ медоранд.
Дар маҳфили ёдбуд, инчунин, адибон Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Камол Нас-рулло, Муҳтарам Ҳотам, Давлат Сафар, олимон Умар Сафар, Зафар Мирзоён, санъаткорон Ҷамшед Исмоилов, Файзалӣ Ҳасан, Раҳматулло Ҳошимов ва ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ширкат доштанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2018    №: 93-94    Мутолиа карданд: 759
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед