logo

фарҳанг

ОРКЕСТРИ СИМФОНӢ МУАССИСАИ НАВТАЪСИСУ МУВАФФАҚ

Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди муассисаи навтаъсис будан, дар ду чорабинии сатҳи баланд - таҷлили бошукӯҳи 25 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консерти «Шоми дӯстӣ», ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, ширкат варзида, сазовори баҳои баланд гашт.
- Таъсиси Оркестри давлатии симфонӣ дар Тоҷикистон заминаҳои худро дорад. Дар давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ садҳо мутахассисони соҳавӣ омода шуданд ва дар заминаи касбияти онҳо муассисаи мо ташкил шуд. Оркестри бузурге, ки дар саҳнаи Кохи Борбад аз оғоз то поёни «Шоми дӯстӣ» ҳунарнамоӣ кард, аксар аз санъаткорони Оркестри давлатии симфонӣ ташкил ёфта буд. Ҳунарнамоии он аз тарафи сарони ду давлат ва аҳли эҷод бисёр хуш пазируфта шуд, - изҳор дошт Олимҷон Саидзода, директори оркестр.
Дар бештари кишварҳои дунё дар назди  роҳбарияти олии мамлакат оркестри симфонӣ амал мекунад ва дар пешвоз, меҳмондорӣ, вохӯриҳо ва гусели меҳмонони баландпоя иштирок менамояд. Яке аз ҳадафҳои таъсиси муассиса низ аз ҳамин иборат аст.
Шумораи санъаткорони оркестр ҳоло аз сад нафар зиёдтар буда, бештари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳунармандон ба муассиса аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, Консерваторияи миллӣ, коллеҷи мусиқии ба номи А. Бобоқулов, театрҳо ва мактабҳои мусиқӣ ҷалб гаштаанд.
- Хусусияти муҳимтарини оркестри мо аз он иборат аст, ки ин ҷо шумо омехташавии насли калонсоли санъаткоронро бо насли ҷавон мушоҳида мекунед. Устодони бузурги санъати тоҷик аз муассисаҳои гуногун ташриф оварда, малакаву маҳорати касбии худро ба ҷавонон интиқол медиҳанд. Нақша дорем, ки бо мусоидати Дастгоҳи иҷроияи президент аз кишварҳои хориҷӣ низ ҳунармандони бомаҳоратро даъват намуда, ҷавононро аз навгониҳои тозатарини мусиқии симфонӣ огоҳ созем ва пояҳои маънавии мусиқии тоҷикро мустаҳкам намоем, - афзуд Олимҷон Саидзода.
Бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи фаъолияти оркестри симфонӣ бинои муассиса пурра аз таъмиру тармим бароварда шуда, нодиртарин асбобҳои мусиқӣ харидорӣ гардиданд. Толори калон аз тарафи мутахассисони соҳаи акустика танзим шуда, ҳоло ба сифати студияи сабти овоз низ хидмат мекунад.
Аҳли эҷоди оркестр имрӯзҳо ба нахустнамоиши намунавии консерти симфонӣ омодагиҳои ҷиддӣ мебинанд. Баъди намоиши намунавӣ масъулони муассиса барномаи консерти худро дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор карданианд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2018    №: 95    Мутолиа карданд: 861
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед