logo

фарҳанг

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ...

Ҷиҳати таҳкими равобити дӯстию бародарӣ ва ҳамкории судманд миёни навоҳии ҳаммарз Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи Лейлаки Ҷумҳурии Қирғизистон доир гашт. Ҳайати меҳмононро бо роҳбарии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ дар гузаргоҳи сарҳадӣ  масъулони расмӣ ва санъаткорони қирғиз бо  мусиқӣ ва нону намак самимона пазируфтанд. Баргузории Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар  ноҳияи Лейлак ба тантанаи 73 - солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм рост омад. Аз ин рӯ, онҳо нахуст дар шаҳри Исфана, маркази маъмурии ин ноҳия, дар маросими гулгузорӣ зери пояи ҳайкали Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Самад Содиқов, ки зодаи Лейлак мебошад, ширкат варзида, сипас бо гузоштани гулчанбар дар майдони “Ғолибон” бо лаҳзаи хомӯшӣ  аз қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд карданд.
Тантанаҳои асосии Иди Ғалаба ва Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи марказии шаҳри Исфана ҷараён гирифт.
Боймурот Бекмуротов, ҳокими ноҳияи Лейлак, ҳайати меҳмононро ба сарзамини Қирғизистон самимона пазироӣ намуд.
-Доиршавии Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи мо басо рамзист,- иброз дошт ҳокими Лейлак Боймурот Бекмуротов, - зеро Иди Ғалаба, ҷашни муштараки ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, омили асосии пирӯзии аскарони шӯравӣ бар фашизм , ин дӯстии ҳамаи халқҳо буд.
Сарвари ноҳияи ҳамсарҳад аз боби дӯстиву рафоқати халқҳои қирғизу тоҷик ҳарф зада, намунаи ибрату пайравӣ аз онро дар мисоли дӯстии ду фарзанди фарзона, ду  қаҳрамони халқ: Бобоҷон Ғафуров ва  Исҳоқ Раззоқов ба забон овард, ки даҳсолаҳо робитаи дӯстиву бародарӣ дошта, ба ҳайси сарварони ду ҷумҳурӣ баҳри рушди соҳоти гуногуни хоҷагии халқи ду кишвар, дӯстиву бародарии онҳо саҳми назаррас гузоштаанд.
- Ба шарофати талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат, дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ  пешравии назаррас ба даст омадааст,- гуфт Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,- Сарвари давлат ҳамеша даъват ба амал  меоваранд, ки дӯстиву рафоқат, ҳамкориро бо кишварҳои ҳаммарз ривоҷу равнақ бахшем. Доиршавии Рӯзи фарҳанги ноҳияи мо дар ноҳияи ҳамсарҳад - Лейлаки Ҷумҳурии Қирғизистон аз дастурҳои ҳамешагии Сарвари давлат бармеояд.
Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Исфана бо иштироки санъаткорони ду навоҳии ҳаммарз барномаи муштараки фарҳангӣ пешкаши тамошобинони сершумор шуд, ки ҳозирон аз он таассуроти гуворо бардоштанд.
Имрӯзҳо рафтуомади мардуми ду ноҳияи ҳамсарҳад: Бобоҷон Ғафуров ва Лейлак муътадил ҷараён дошта, аҳолӣ ҳамарӯза  ҷиҳати пешбурди рӯзгор ва иштирок дар маъракаҳои ҳамдигар бе монеа аз сарҳад мегузаранд ва фаъолияти соҳибкории ҳудро ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳияи Лейлак, дар деҳаи зебоманзари Андарак зиёда аз 7,5 ҳазор тоҷикон сукунати доимӣ дошта, бо бародарони қирғиз дар муҳити дӯстона кору зиндагӣ доранд.
Омӯзгорон Фирӯза Калонова ва Робия Аббосова хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии шаҳри Ҳуҷанд буда, имрӯз ба фарзандони ҳамдеҳаҳояшон аз фанҳои биология, забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯянд ва ифтихор ҳам доранд, ки барои рушди фарҳангу забони модарӣ дар кишварашон ҳамаи шароит муҳайёст.
- Аз баргузории ин чорабинии фарҳангии ҳаммиллатон, ҳунарнамоии сатҳи баланди санъаткорон ба ваҷд омадему ифтихори забони тоҷикӣ ва ифтихор аз тоҷик буданамон кардем,- бо як қаноатмандии самимона мегӯяд Робия Аббосова,- бешубҳа, доиршавии чунин чорабиниҳо ба рушди дӯстиву рафоқати ду халқ  мусоидад хоҳад кард.
- Агар дар масъалаи дастрасии китобҳои дарсӣ ба мо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мусоидат менамуд, мо басо миннатдор мегаштем, - гуфт Абдуфаёз Турдалиев, раиси деҳаи Андарак. 
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2018    №: 95    Мутолиа карданд: 796
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед