logo

фарҳанг

ХУСУСИЯТҲОИ САЁҲАТИИ НАВРӮЗ

Агар ба хотир биёрем, Колумб, Васко да Гама, Ҷеймс Кук, Миклухо Маклай, Преживалский ва дигарон ба туфайли саёҳатҳои худ ба кишварҳои дигар олами тозаеро на танҳо дар улуми ҷуғрофӣ, балки дар дигар соҳаҳои илм низ кашф намудаанд.

Мо имрӯз ба туфайли саёҳатҳои Ибни Бағлон, Ибни Батута, Марко Поло, Вамбери, Федченко, Шишов ва Ефремов аз шеваи зиндагии мардуми Осиёи Марказӣ дар замонҳои гуногун огоҳӣ пайдо менамоем. Ё худ аз «Сафарнома» - и Носири Хусрав роҷеъ ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна маълумотҳои таърихӣ ва фарҳангии асри XI-ро ба даст меоварем. Пас сайёҳ ва саёҳат на танҳо барои завқи инсон ва рағбат ба чизҳои наву ношунида, балки барои тамоми башарият ҳамчун падидаи илмиву фарҳангӣ хизмат менамоянд.
Тоҷикистон пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ чун сарзамини куҳан ва дар зоти худ беҳамто мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ қарор гирифт. Табиати пурафсуни кишвари мо, кӯҳҳои пойдори осмонбӯс ва мардуми кушодадилу меҳмоннавози он дер боз аст, ки дили ҳаводорони саёҳатро рабудааст. Аз Чину Ҷопон, Русияву Олмон, Амрикову дигар мамолик сайёҳони зиёде ба Тоҷикистон ба сафар мебароянд ва бо кишвару мардуми он ошно мешаванд ва муҳаббат мепарваранд.
Саёҳат намудҳои гуногун ва махсусияти худро дорад: экологӣ, этнографӣ, ҷуғрофӣ, таърихӣ ва амсоли инҳо, ки ҳар сайёҳ мувофиқи завқи худ вайро интихоб менамояд.
Дар мавсими Наврӯз ташкили саёҳати наврӯзӣ низ анъана шудааст. Сайри кӯҳу дара, саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ, ба мавзеъҳои дорои табиати зебо, дарёву дарёчаҳо баёнгари он мебошад, ки ин ҷашн хусусияти саёҳатию фароғатӣ низ пайдо кардааст, ки онро метавон хусусияти этнографӣ – таърихӣ - фарҳангӣ ё саёҳатии Наврӯз номид. Аз ҷумла, оини «Сездаҳбадар»-и наврӯзӣ метавонад дар маърази диққати сайёҳон қарор гирад. Он оинест, ки ҳангоми нав гаштани сол мардум аз хонаҳо берун мераванд ва дар оғӯши табиат ҷашн барпо менамоянд. Бозиҳои гуногуни варзишӣ, рақсу бозии дилчасп, фолбинии духтарону омода намудани хӯрокҳои лазизи мухталиф ҳамчун суннатҳои оини «Сездаҳбадар» метавонанд мавриди завқу шавқи сайёҳон қарор бигиранд.
Инчунин, ташкилу баргузории озмуни «Маликаи Наврӯз» низ ҷолиб мебошад. Маълум аст, ки ҳар сол дар яке аз кишварҳои дунё озмуни «Бонуи сайёра» сурат мегирад ва аз тамоми гӯшаву канори олам мардумони бисёре барои дидан ва иштирок намудан ба озмуни мазкур меоянд. «Маликаи Наврӯз» низ ба ин озмун ҳамнаво аст. Ё озмуни дигар «Паҳлавони наврӯзӣ» (ё «Наврӯзпаҳлавон») аст, ки ҷолиби диққат мебошад. Ҳар сол дар арафаи Наврӯз, рӯзи Наврӯз ва баъди он маъракаҳои гӯштигирӣ доир мегарданд, ки паҳлавонони зиёде аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат намуда, ҳунари хешро намоиш медиҳанд.
Яке аз василаҳои дигари ба меъёрҳои саёҳати этнографӣ мутобиқ гардондани Ҷашни байналмилалии Наврӯз метавонад гурӯҳбандии оинҳои наврӯзӣ ва тибқи ин таснифот дар доираи ҷадвали мушаххаси замонӣ дар минтақаҳои муайяни кишвар таҷлил кардани Наврӯз бошад. Мутобиқи чунин замонбандӣ ва гурӯҳбандии оинҳои наврӯзӣ, саёҳати туристони дохилӣ, бавижа хориҷиро бидуни такрор дар намоиш гузоштани унсурҳои маъруфи Ҷашни Наврӯз метавон дар давоми чандин рӯз (яъне, дарозмуддат) ба таври ҷаззобу хотирмон барномарезӣ кард. Ин усули таҷлили Ҷашни Наврӯз хусусияти саёҳатӣ ва инъикоси ҳунарҳои мардумиро дар мавриди таҷлили ин ҷашн метавонад тақвият бахшад.   
Дар айёми ҷашнгирии Наврӯз ҳузури сайёҳони хориҷиву ватанӣ зиёд ба чашм мерасад. Сайёҳони гуногун дар ҷашнвораҳо иштирок менамоянд, акс мегиранд, бо ҳунари мардумӣ шинос мешаванд ва табиист, ки онро дар кишвари худ бо диду назари хеш тарғиб ва тасвир менамоянд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар сол дар Рио-де-Женейрои Бразилия фестивали муҳташаме баргузор мегардад, ки барои тамошои он аз тамоми кишварҳои дунё сайёҳон ташриф меоваранд. Мо ҳам метавонем, ба ин васила, ба ин ҷашни миллии ҷаҳонии худ ҷилваи тозае бахшем, то дар ояндаҳо ному эътибори миллати сарбаланду фарҳангпарвари тоҷик дар мақоми густурдатаре ҷаҳонафрӯзӣ намояд.
Имрӯз барои ошноӣ бо табиати ҷашн ва хусусиятҳои он сайёҳон бештар ба кишварҳои ҳавзаи Наврӯз рӯ меоваранд ва Тоҷикистон, ки ватани Наврӯз аст, дар радифи пешоҳангони ин кишварҳост.
Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, қабл аз ҳама, ҷаҳонӣ шудани фарҳанги мардумӣ аст. Ба таваҷҷуҳ ба ин, моро зарур аст, ки ин ҷашни бостонии миллиро ба карнавал (ё фестивал)-и умумимиллӣ, умумимардумӣ ва умумиҷаҳонӣ табдил диҳем.
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳифаи наве дар зиндагии мардуми кишвари мо кушод. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки Ҷашни Наврӯз низ хусусиятҳои тозаро ба худ касб кард ва дар рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Саъдӣ ҚОСИМӢ,
номзади илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2018    №: 95    Мутолиа карданд: 802
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед