logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 «Дар бораи маориф» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 532; с. 2014, № 3, мод. 156, № 7, қ. 2,  мод. 422; с. 2016, № 3, мод. 1148, № 7, мод. 624; с. 2017, № 7 - 9, мод. 581) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- докторантура аз рўи ихтисос – шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос барои шахсоне, ки дорои дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр ва барои ихтисосҳои тиббӣ магистр - ординатори клиникӣ мебошанд;»;
- сархати сиву якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- постдокторантура – шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии доктори ҳабилитат барои шахсоне, ки дорои дараҷаи академии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос мебошанд;».
2. Дар моддаи 18:
- аз қисми 3 калимаҳои «танҳо» ва «соҳаи омўзгорӣ, тиббӣ ва фарҳангии» хориҷ карда шаванд;
- ба қисми 8 пас аз калимаи «метавонад» калимаҳои «марказҳои касбомўзӣ,» илова карда шаванд.
3. Қисми 2 моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Муассисаи таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони илмӣ ва илмию омўзгорӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ташкил карда мешавад. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии алоҳидае, ки дорои заминаи илмӣ ва моддию техникӣ мебошанд ва аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, метавонанд зинаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос (доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос), докторантура ва постдокторантура таъсис диҳанд ва вазифаи ходими илмиро ҷорӣ намоянд.»;
4. Ба қисми 4 моддаи 21 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- созмонҳои хонандагон;».
5. Қисмҳои 4 ва 5 моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«4. Аз рўи натиҷаи ҳимояи корҳои тахассусӣ – рисолаи илмӣ ва маҷмўи корҳои илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломҳои номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат дода мешаванд.
5. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи натиҷаи фаъолияти илмию омўзгорӣ бо тартиби муқарраршуда шаҳодатномаи дотсент аз рўи ихтисос ва шаҳодатномаи профессор аз рўи ихтисос дода мешаванд.».
6. Дар қисми 7 моддаи 24 калимаи «аспирантура» ба калимаҳои «магистратура, барои ихтисосҳои тиббӣ магистратура - ординатураи клиникӣ, аспирантура ё докторантура аз рўи ихтисос» иваз карда шавад.
7. Ба моддаи 32 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тасдиқи низомномаи намунавии созмони хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ;».
8. Дар сархати бисту дуюми моддаи 33 калимаҳои «аспирантура, докторантура» ба калимаҳои «аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос, докторантура, постдокторантура» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми 2 моддаи 41 ва сархати сиву сеюми қисми 1 моддаи 51 калимаи «ташкилотҳои» ба калимаи «созмонҳои» иваз карда шавад.
10. Дар сархати якуми моддаи 43 калимаҳои «ординаторҳо, докторантон» ба калимаҳои «ординаторон, аспирантон, докторантон аз рўи ихтисос, докторантон, постдокторантон» иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 7 моддаи 44 калимаҳои «аспирантон, докторантон» ба калимаҳои «аспирантон, докторантон аз рўи ихтисос, докторантон, постдокторантон» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 45:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Стипендия маблағест, ки ба хонандагон, донишҷўён, интернҳо, ординаторҳо, аспирантони гурўҳҳои таҳсили рўзона, докторантҳо аз рўи ихтисос, докторантон ва постдокторантон пардохт карда мешавад.»;
- сархати чоруми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- стипендияи давлатӣ барои аспирантон, докторантон аз рўи ихтисос, докторантон ва постдокторантон;»;
- дар қисми 3 калимаҳои «ва аспирантони болаёқат» ба калимаҳои «, аспирантон ва докторантон аз рўи ихтисос» иваз карда шаванд;
- қисми 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«8. Стипендияи давлатӣ ба аспирантон, докторантон аз рўи ихтисос, докторантон ва постдокторантоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи давлатӣ ба аспирантон, докторантон аз рўи ихтисос, докторантон ва постдокторантон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.».
13. Дар қисми 8 моддаи 55 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1527

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1005

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 536


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 2324
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед