logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҚЎШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 3 - 4, мод. 62; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 10, мод.127; с. 2000, №11, мод. 535; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 260, мод. 263; с. 2003, № 4, мод. 141; с. 2014, № 11, мод. 658; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1111) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 7 ва сархати ёздаҳуми моддаи 9 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар сархати якуми моддаи 10, қисми якуми моддаи 14 ва қисми якуми моддаи 39 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 15 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд.».
4. Дар қисми якуми моддаи 22, қисми якуми моддаи 24, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 32, қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 36 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
5. Дар матни моддаи 34 калимаҳои «ҳимояи судӣ» ва «ҳақ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳимояи судии» ва «ҳуқуқ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1522

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 19 марти соли 2018, № 1031

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 531


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 1835
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед