logo

маориф

ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Афзоиши пайвастаи ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир аз омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имрӯза гаштааст. Чуноне ки медонем, дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки Тоҷикистон дар охири асри гузашта паси сар кард, кишвари моро ба душвориҳои сангин дучор сохта, боиси сар задани ҷанги таҳмилӣ гардид, ки оқибати он ҳоло ҳам эҳсос мешавад ва хотираҳои мардумро ранҷ медиҳад. Агар мушоҳида намоем, барои сар задани бесарусомониҳо бешак, ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хоҷагони хориҷии онҳо даст доштанд.
Айни замон дар байни терроризм ва экстремизм ягонагии амалиёт дида мешавад: ҳардуи ин зуҳурот масъаларо бо роҳи зӯроварӣ ҳал кардан мехоҳанд. Қувваҳои экстремистӣ дар ҳолатҳои муайян аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда, бо шиору тавсияҳои ғаразнок онҳоро ба вартаи фалокату ҳалокат кашида, фазои сиёсии кишварҳои алоҳидаро муташанниҷ мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи гуногун иброз доштаанд:  «Террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад, аз ин рӯ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ин самт нақши муҳим  бозида метавонад. Мутобиқи моддаи 8-и қонуни мазкур падару модарон уҳдадор карда мешаванд, ки фарзандонашонро аз иштирок дар фаъолияти муассисаҳои динӣ, ғайр аз кӯдаконе, ки дар мактаби махсуси динӣ таҳсил менамоянд, манъ намоянд.
Танҳо соли 2013 барои риоя накардани ин талаботи қонун бештар аз 3100 падару модар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Албатта, ин ҳама чораҳо барои солимии мафкураи ҷавонон ва пурмасъулият гардидани волидони онҳо андешида мешавад. Зеро, аз роҳи бад гардондани фарзанд ин вазифаи волидон мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд аз сулҳу суботи имрӯза шукргузорӣ ва онро ҳифз намоянд. Танҳо дар сурати ваҳдату ягонагӣ мардуми кишвар душвориҳо ва монеаҳоро осон паси сар менамоянд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Муҳаббат  РАҲМАТОВА,
омӯзгори МТМУ № 14 – и  шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2018    №: 108    Мутолиа карданд: 1109
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед