logo

маориф

ДАСТИ САХОВАТ

Дар партави суханронии Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Хотироти неку наҷибе аз Наврӯзи имсола дорам, ки бояд онро бинависам. Аз дидаву шунидаҳо, аз сайрҳои баҳорӣ, аз тантанаҳои наврӯзӣ. Лаҳзаҳои хотирмон мулоқоти Пешвои миллат бо мардуми вилояти Суғд, аз ҷумла ятимон буд. Он вохӯриро дидаму ин байт ба ёдам расид:

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Ятимпарварӣ аз беҳтарин фазилатҳои инсонист, ки Худованд ба ҳар кас насиб намекунад. Ва имрӯз Сарвару сарпарас-ти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат бо ҳамин сифати волову хислати наку маҳбубияти хос пайдо намудаанд.
Рӯзҳои Наврӯз дар Хуҷанди бостон, ки Пешвои миллат сафари корӣ доштанд, дар базми хонадоршавии чанд ятими кулл иштирок карда, гуфтанд:  “Ман ҳеч вақт, ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.
Ятимпарварии Сарвари давлат аз касе пӯшида нест ва ин иқдомашон аввалин иқдом ҳам нест. Танҳо Худо медонад, ки чандин ятиму бекас аз баракаташон соҳиби ҷои кору хонаву дар шудаанд.
Тибқи оморҳои расмӣ имрӯз дар сар то сари кишвар 77 адад хонаҳои кӯдакон ва интернатҳо амал мекунанд, ки дар онҳо  46 ҳазору 200 ятим, кӯдакону наврасон ба нигоҳубину тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумор, бештар аз 2 ҳазори онҳо ятимоне ҳастанд, ки на падар доранд ва на модар.  Ва инҳо ҳамеша чашм ба роҳанд. Бисёре аз онҳо гумон мекунанд, ки падару модари зиндаву барҳаёт доранд ва он рӯз дер нест, ки  меоянд ва ба оғӯшашон мекашанд... 
Барномаҳои давлатии парастиши ятимону барҷомондагон беҳтарин барномаҳое ҳастанд, ки нишон аз башардӯстӣ доранд. Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки ҳама гуна шароити мусоидро барои атфоли ятим фароҳам орад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, ки  18 марти соли 2015 қабул гардид, ҳама ҷанбаҳои ҳаёти кӯдаконро дар бар мегирад ва ба таври васеъ ва фарогир ҳифзи ҳуқуқи онҳоро кафолат додааст. Ин қонун аз 6 боб ва 5 модда иборат буда, боби чоруми он “Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва бепарастор” мебошад. Аз ҷумла, дар моддаи 34 ин қонун омадааст: “Кӯдакони ятим ва бепарастор, дар сурати мавҷуд набудани имконияти дар оила тарбия ёфтан, дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ё дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда мешаванд”. Яъне, давлат тибқи муқаррароти ин қонун на танҳо кафили ҳифзи ҳуқуқҳои ятимон аст, балки тарбияву парастории онҳоро низ ба зиммаи худ мегирад.  Ҳамчунин, давлат кафолати бемамониати таҳсил ва табобати ройгони онҳоро додааст.
Баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имкон доранд бо истифода аз имтиёзҳое, ки давлат барои атфоли ятим муайян кардааст, таҳсилашонро дар донишгоҳҳо идома диҳанд ва ё кор кунанд.  Ҳар он касе кор меҷӯяд ва муваққатан чун бекор ба қайд гирифта мешавад, аз ҷониби давлат  моҳе 250 сомонӣ нафақа мегирад.
Мақомоти давлатии кишвар вазифадоранд тибқи қонун ятимонро ба кор қабул намоянд ва шароити мусоид барояшон фароҳам оранд. Дар моддаи 36 қонуни ёдшуда, ки “Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба меҳнат” ном дорад, омадааст: “Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба меҳнат кафолат медиҳад”. Ҳамчунин, қонун кафолати бо ҷойи зист таъмин кардани ятимонро додааст. Касоне, ки ҷойи зист надоранд, қитъаи замин ва қарзи бефоиз барои бунёди хонаи истиқоматӣ мегиранд.
Дасти сахо ҳамеша қобили ситоиш аст ва кам нестанд касоне, ки барои ятимону барҷомондагон, фақирону дармондагон дари раҳмату саховат боз мекунанд, онҳоро менавозанд, кумакашон мекунанд. Пешвои миллат дар арафаи ҳар ид аз саховатпешагону сарватмандон даъват мекунанд, ки садақоти худро ба фақирону нодорон ва ятимон бахшанд. Ва худ намунаи ибрати ин гуна корҳои хайранд.
Гулдаста ЁҚУБОВА,
 устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2018    №: 110-111    Мутолиа карданд: 1224
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед