logo

маориф

МАОРИФ. СИФАТ БОЯД ДАР МАДДИ АВВАЛ БОШАД

Яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аст. Зеро дар давраи ҷаҳонишавӣ  мақоми устод – ташаббускор, муаллим – тарбиятгар, омӯзгор – олим ниҳоят муҳим мебошад.

Ин дар ҳолест, ки кишвари мо барои дар зеҳни ҷавонон  ташаккул додани мафҳумҳои озодиву истиқлолият, муҳаббат ба арзишҳои олӣ ба омӯзгор бовар дорад, сарнавишти ояндаи насли фардоро аз ӯ вобаста медонад. Педагоги маъруф К. Ушинский ҳам фармудааст: «Қудрати хомае, ки омӯзгор ба даст мегирад, хомаҳои мо надорад, зеро ӯ қисмати фарзандони моро менависад, кӣ будану чӣ шудани ояндаи онҳоро муайян мекунад».
Бо назардошти чунин рисолати муҳим, моро зарур аст, ки дар оянда барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Пешвои миллат ба мо, омӯзгорон, муроҷиат намуда, таъкид кардаанд, ки: «Диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намуда, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монда, ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳем, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намуда, ташкили марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон, инкишоф ва дастгирии хонандагони болаёқат, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос, кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ мактабҳои деҳот, ташкили озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва касбомӯзӣ равона намоем». 
Таъкиди махсуси Сарвари кишвар дар мавриди таваҷҷуҳи бештар ба фанҳои дақиқ асосҳои илмиву назариявӣ дорад, зеро илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Таъсиси Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ, фаъолияти дуюмин донишгоҳи давлатии тиббии мамлакат дар вилояти Хатлон, дастгирии занон ва духтарон, фаъолияти марказҳои таълими калонсолон, идома бахшидани ислоҳоти соҳаи маориф ва илм шаҳрвандони худогоҳро водор месозад, ки донишу таҷрибаи худро барои пешбурди соҳаи маориф сафарбар созанд.   
Маҳбуба НАБОТОВА,
омӯзгори МТМУ № 3 - и ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 1214
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед