logo

фарҳанг

ЗАБОН. ДАР РУШДИ ОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Яке аз арзишҳои волои инсонӣ, нигоҳдорандаи таъриху фарҳанги миллат забон мебошад. Маҳз забон шиносонандаи давлат дар миқёси байналмилалист. Воқеан, забонҳо гуногунанд ва таъриху тамаддуни хосси худро доранд. Забони тоҷикӣ низ яке аз забонҳои қадимест, ки дар худ фалсафаи бузурге дорад ва ҳар кӣ ба умқи он ворид гардад, аз ширинии ин лафзи гуворо ҷаҳони маънавии худро ғанӣ мегардонад.
Муҳаққиқон пайваста талош меварзанд, ки ҷаҳониён бо таърихи гузаштаю имрӯзаи забони тоҷикӣ ошноӣ пайдо намоянд. Забони тоҷикӣ бо вуҷуди куҳан будан пас аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба давраи нави инкишофи худ ворид гардид.
Миллати тоҷик баробари ба даст овардани истиқлолият дар рушди арзишҳои фарҳангиву инкишофи тамаддуни худ қадамҳои боз ҳам боҷуръат гузошт. Истиқлолияти сиёсӣ шароит фароҳам овард, то ки тоҷикон озодона арзишҳои гаронбаҳои худро бо шакли нав муаррифӣ намоянд. Забони тоҷикӣ дар ин давра инкишофи бемайлонро соҳиб гардид. Ҳукумат сиёсати оқилонаеро пеш гирифт, ки ба рушди забон мусоидат намуд. Сиёсати забони давлатӣ сиёсате мебошад, ки барои пуштибонӣ аз забони давлатӣ, рушд ва такомули забон дар алоқамандӣ  бо идеологияи давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Албатта, шириниву шевоии забони ноби тоҷикиро адибону забоншиносон зиёд васф менамоянд, аз ин рӯ, нишон додани қудрату неруи забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсатофар имрӯз басо аҳамиятнок мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар вохӯрӣ бо зиёиён ба нақши забони тоҷикӣ баҳои арзанда медиҳанд. Пешвои миллат бо забони нобу ширине суҳбат менамоянд, шунаванда беихтиёр мафтун мегардад. Метавон гуфт, ки Президенти муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон барои насли ҷавон устоду омӯзгори суханварест.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро мебояд, ки забони худро ҳифз намоем ва баҳри рушди он талош варзем. Гарчанде мо қудрати гуфтани сухани воло чун Рӯдакию Ҳофизу Сино надошта бошем ҳам, метавонем дар рушди забон саҳм гузорем. Имрӯз зиёд мушоҳида мегардад, ки ҷавонон ҳангоми муколама забони тоҷикиро бо калимаҳои русию лаҳҷавӣ омехта мекунанд. Албатта, омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ҳар яки мо бисёр муҳим аст, вале дар баробари ин, бояд кӯшиш намоем, ки фонди луғавии худро ғанӣ созем, то ки забони тоҷикӣ дар суҳбат боз ҳам ширинтару гуворотар ба гӯш бирасад. Ҳар хориҷие, ки бо забони тоҷикӣ такаллум кардани моро бишнавад, бояд моил ба омӯхтани ин забон гардад. Бояд воқеан ҳам, накҳати забони тоҷикиро дар ботини худ эҳсос карда тавонем. Чуноне ки мардумони бохирад забони тоҷикиро «забони аҳли биҳишт» унвон кардаанд.
Маҳз дар партави сиёсати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ забони мо бо доштани имконоти  зиёд дар асоси қолабҳои меъёрии суннатӣ ва равишҳои адабӣ дар ҷомеа мақому мартаба пайдо кард. Тӯли чанд сол аст, ки аз минбари баланди СММ, дар ҳамоишҳои бонуфузи сиёсии байналмилалӣ, дар корҳои муҳташами  раёсати давлатҳои муътабар лафзи ширину шевои тоҷикӣ садо медиҳад. Таърихи ҷомеаи башарӣ ва таҷрибаи давлатҳои куҳан ва пешрафтаи дунё  нишон медиҳад, ки истифода аз як забони умумӣ ба эҷоди миллате боис мегардад, ки пайванди иҷтимоии қавӣ доранд.
Истиқлолияти сиёсӣ барои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Забон, ки ҷузъи муҳими фарҳанг аст, дар шароити озод бе ягон фишороварӣ метавонад рушд намояд.
Бояд дар назар дошт, ки истиқлолияти сиёсию давлатии мо дар шароити глобализатсия таҳким ёфта истодааст. Аз ин рӯ, ҳимояи ҳамаҷонибаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ бисёр аҳамиятнок аст ва ҳимояи забони тоҷикӣ дар шароити глобализатсия аҳамияти махсус дорад.
Омӯхтан ва ба малакаи гуфтори ҳамешагӣ табдил додани забони адабии тоҷикӣ нафақат арзиши фарҳангӣ, балки аҳамияти сиёсӣ низ дорад. Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон мебошад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик, бо вуҷуди беадолатиҳои таърих, рисолати инсондӯстию фарҳангпарварии худро нигоҳ дошта, барои ҳифзи истиқлолияти сиёсиву фарҳангӣ ва забони шевои модарии худ ҷаҳду талошҳо намудааст. Пас, имрӯз ҳам мо бояд баҳри рушду такомули ин забони аҷдодӣ саъю кӯшиш дошта бошем.
Рухсора ТАҒОЕВА,
аспиранти бахши якуми шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 815
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед