logo

фарҳанг

КАПИТОЛИНА ҒАФУРОВА: "ДОМУЛЛО ТОҚИИ ХУДРО АЗИЗ МЕДОШТАНД"

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» гуфтаанд: «Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама ҳашамат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияту корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем».
Ин гуфтаҳо  ба тамоми қишри ҷомеа таконест баҳри худшиносӣ ва худогоҳӣ. Аз ҷумла, кормандони осорхонаҳоро бори дигар водор месозад, ки барои нигоҳ доштани мероси ниёгон, шахсиятҳои мондагор, арбобони сиёсиву давлатӣ, олимону нависандагон ва тарғибу ташвиқи онҳо ҷиддан машғул шуда, саъю кӯшиши хосса дошта бошанд. Чунки маҳз дар осорхонаҳо ёдгориҳои таъриху тамаддун ва аксҳою  осори шахсиятҳои мондагор ба имрӯзиёну ояндагон чун ёдгор маҳфуз дошта мешаванд.
Қобили тазаккур аст, ки барои пурракунии хазинаи осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии вилояти Суғд директори он Абдураззоқ Қодиров соли 1987 аз сафари хидматӣ, аз шаҳри Маскав бастаеро бо табақчаҳои кандакории чӯбину биринҷӣ, садафи калон, дастпонаю сурмадон ва ду китоб: яке “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров ва дигаре бо муқоваи ҷилоноки зебо бо хати ноошно аз ҳамсари Бобоҷон Ғафуров – Капитолина Ғафурова овард, ки онҳо мувофиқи васият ба ҳамдиёрон тақдим гардиданд. Тибқи нақша дар ҷевони шишагин намоиши “Туҳфаҳо аз академик Бобоҷон Ғафуров” омода сохтем ва дар ҷевон туҳфаҳоро тақсимбандӣ намудем. Аксари туҳфаҳо ба академик Бобоҷон Ғафуров, ки он замон ҳамчун ҷонишини раиси Кумитаи шӯравии ҳамбастагӣ бо мамолики Осиё ва Африқо оид ба ЮНЕСКО фаъолият дош-танд, тақдим гардидааст. Воқеан, Бобоҷон Ғафуров донишу неру, хираду истеъдоди худро ба таҳкими дӯстии халқҳои сайёра сарф кардааст. Хидматҳои ӯ дар ин ҷода бо медали тиллои Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ ва Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру қадр гардидааст. Инчунин, Бобоҷон Ғафуров узви ифтихории чандин ҷамъиятҳои илмии хориҷӣ буда, сазовори ҷоизаҳои илмии байналмилалӣ шудааст. Бобоҷон Ғафуров дар Алҷазоир, Бирма, Сурия, Лубнон, Ироқ, Олмон, Амрико, Фаронса, Австрия, Ҷопон, Чехословакия, Англия, Фаластин ва ғайра дӯстони зиёд доштааст, зеро дар вақти раиси Кумитаи шӯравии “Шарқу Ғарб” будан, дар мавзӯи “Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ” лоиҳаҳои муҳим пешниҳод карда, дар омӯзиш ва тарғиби фарҳанги ғании халқҳои ин кишварҳо саҳми беназир гузоштааст.
Моҳи сентябри соли 1957  Бобоҷон Ғафуров ҳайати вакилони шӯравиро дар Конгресси байналхалқии шарқшиносон дар Мюнхен (Олмон) сарварӣ намуд. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ӯ аз зумраи нахустин олимоне буд, ки «Дар бораи сабабҳои пешравӣ ва инқирози Давлати Сомониён» маърӯзаи илмии бунёдӣ намуда, фарҳангу маданияти аҷдодии моро дар мисоли нахустин давлатдории миллии тоҷикон ва мероси пурғановати он ба ҷаҳониён равшан муаррифӣ намуд, ки варақаҳои конгресс санади муътамад аст. Ҳамчунин, дар осорхона ашёи шахсии Бобоҷон Ғафуров ба монанди ришгирак, айнак, асбоби хатнависӣ ва тоқии тоҷикӣ, дар маҷмӯъ ба миқдори 33 номгӯй маҳфуз мебошанд.
Воқеан, вақте баъди чанд моҳ Капитолина Ғафурова бо духтараш Нинел ба осорхона ташриф оварданд, бо дидани бахши “Туҳфаҳои Бобоҷон Ғафурув” ва тамошои армуғонҳои  он ниҳоят хурсанд шуданд. Чун навбат ба тоқӣ расид, Капитолина Ғафурова онро ба даст гирифта, ба чашм молид ва гуфт:
- Домулло тоқии худро азиз медоштанд ва доимо боло мегузоштанд. Хостам боре чорқат карда, байни либосҳо гузорам. Гуфтанд:  - Модарам мегуфтанд, ки тоқӣ ин давлат аст, онро бояд эҳтиёт кард. Бобоҷон Ғафуров бо ифтихор аз тоҷик будан, бо муҳаббати зиёд чун рамзи ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз халқу Ватани хеш, ҳамеша тоқии тоҷикӣ дар сар мегаштанд. Инчунин, зимни сафарҳои хориҷӣ, мулоқотҳои расмӣ ва анҷуманҳои байналмилалии илмӣ ҳамеша тоқии тоҷикӣ бар сар мерафтанд ва мегуфтанд: «Ман намояндаи давлати Иттиҳоди Шӯравиям, аммо фарзанди тоҷикам, аз нажоди Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синою Берунӣ ва Хоҷа Камолу Тошхоҷаи Асирӣ».
Ва имрӯз барои ҳар як фарди худогоҳу худшинос ниҳоят хушоянд аст, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон кору пайкори бузургони миллат, хоссатан муборизи пойдории сулҳу ваҳдат дар сайёра Бобоҷон Ғафуровро мояи ифтихор дониста, ҳама вақт қадршиносӣ менамоянд. Маҳз бузургдошти  бузургон аз ҷониби Сарвари давлат аст, ки фарзонафарзандони сарсупурдаи миллат чун раҳнамои имрӯзиён баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ба таври фарогир муаррифӣ мешаванд.
Кибриёхон АТОЕВА,
номзади илмҳои филология, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2018    №: 114    Мутолиа карданд: 773
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед