logo

фарҳанг

ФАРХОР. ДОРОИҲОИ ТАЪРИХӢ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАНД

Бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии мамлакат соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Бо назардошти ин, дар минтақаҳои сайёҳии мамлакат инфрасохтори зарурӣ таъсис ёфта истодааст. Вале ҳастанд ноҳияҳое, ки ҳарчанд барои ҷалби сайёҳон мавзеъҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ доранд, то ҳол кашф нашудаанд. Фархор яке аз чунин мавзеъҳои таърихист.

Дар мавзеъҳои гуногуни Фархор  то имрӯз 51 ёдгории таърихӣ ошкор шудааст, ки Золи Зар, Майдапатта, шоҳи Аҳтамҷон, Макони Морон, Чилтанҷон, Шӯртеппа аз ин қабиланд. Аз соли 1993 ковишҳои археологӣ идома доранд. Бостоншиносон аз кишварҳои Русия, Италия, Фаронса, Олмон ковишҳои хурди археологӣ анҷом додаанд. Дар натиҷа, 701 нигора дарёфт карданд, ки ҳоло дар осорхонаи ноҳия нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои ковишҳо ба хулосае омаданд, ки Фархор таърихи беш аз 5000 - сола дорад. Бостоншиносон ба ин назаранд, ки дар ҳудуди ноҳияи Фархор шаҳри қадимае, зери хок ниҳон аст, ки ҳанӯз ба пуррагӣ кашф нашудааст. Масъалаи нигаронкунанда ин аст, ки олимон дар мавзеъҳои Чилтанҷон, Шӯртеппа, Шоҳи Аҳтамҷон вуҷуд доштани калъаро бозгӯ намуданд, аммо то ҳол барои кашфи онҳо ягон иқдом пиёда нашудааст.
Фархор дар миёни ду дарё - Панҷ ва Сурхоб ҷойгир буда, табиаташ барои бунёди истироҳатгоҳу осоишгоҳ хеле мувофиқ аст. Оби дарёҳояш хусусияти шифобахшӣ доранд. Агар маконҳои истироҳативу табобатӣ бунёд гарданд,  барои мардум шароити хуби истироҳатӣ  муҳайё шуда, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
- Азизулло Муродов, директори осорхонаи ноҳия, иброз дошт, ки агар маконҳои номбурда кашф шаванд, инфрасохтори зарурӣ барои қабули меҳмонон ташкил ёбад, Фархор низ метавонад чун мавзеи хуби таърихиву сайёҳӣ шинохта шавад. Барои таъсиси мавзеъҳои сайёҳӣ, аз ҷумла  истироҳатгоҳҳо якчанд маротиба ба ҳукумати ноҳия пешниҳод ирсол намудем, аммо бе таваҷҷуҳ монд. Ҳадди ақал мавзеъҳои таърихӣ эҳтиёт шаванд, мувофиқи мақсад мебуд.
Яке аз проблемаҳои асосие, ки ба рушди соҳаи сайёҳии ин минтақа монеа эҷод мекунад, валангор будани роҳҳои марказӣ ва ҳам дохилӣ мебошад. Агар роҳҳо ободу ҳамвор ва дороиҳои фарҳангиву таърихии ноҳия ҳифз шаванд, ба манфиати кор хоҳад буд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2018    №: 120    Мутолиа карданд: 768
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед