logo

фарҳанг

ИН КӮЗА ЗАР АСТ!

Дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар радифи дигар мавзӯъҳо гӯшаи доимоамалкунанда бахшида ба ваҳдати миллӣ ороста шудааст. Дар он нигораҳо ва аксҳои гуногуни инъикоскунандаи давраҳои музокирот ва расидан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба намоиш бароварда шудаанд. Хусусан, аксҳои гуногун аз рафти музокирот, ки бо мақсади таъмини сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон дар кишварҳои Русия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардиданд, пешниҳод шудаанд. 
Чуноне ки медонем, аз 5 то 19 апрели соли 1994 аввалин гуфтушинидҳо дар шаҳри Москва баргузор шуданд. Аммо шурӯъ аз соли 1996 дар гуфтушунидҳо дигаргунии куллӣ ба амал омад. Зеро 11 декабри соли 1996 дар Хостдеҳи Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иттиҳоди мухолифини тоҷик вохӯрданд. Албатта дар макони ҳамон вақт нисбатан ноором ва хавфноки Афғонистон ҳозир шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин худ нишонаи шуҷоат ва далерӣ буд ва ин далерӣ мухолифинро ба андеша гузошт. Қаламе, ки ба он дар ин музокирот ҳуҷҷатҳо ба имзо расида-анд, ҳамчун экспонати нодир дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.
Бо мақсади пойдор нигоҳ доштани ин дастоварди таърихӣ ҳанӯз 18 июли соли 1997 Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил шуд, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси он интихоб гардид. Дар воқеъ ин ҳаракат баҳри мустаҳкам намудани асосҳои ваҳдати миллӣ хизматҳои босазое карда истодааст.
Доир ба таҳкими ваҳдати миллӣ ҳамасола чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Хусусан моҳи июли соли 1999 Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат ташкил шуд. Ин корвон аз 240 нафар иборат буд. Ба он олимону адибони варзидаи тоҷик шомил буданд. Корвон аз Қулма ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шуда, то шаҳри Исфараи вилояти Суғд гашта, ба мардум ғояҳои дӯстию хештаншиносиро талқин намуд. Ҳангоми сафар аҳли корвон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як кафӣ хок ҷамъ намуданд ва аз он ҳунармандони шаҳри Исфара кӯзаи мунаққаше сохтанд. Кӯза ба таври рамзӣ «Кӯзаи ваҳдат» номгузорӣ шуд. Он дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Сарвари давлат бо самимият кӯзаи ваҳдатро қабул намуда, онро бӯсиданд. Ашки шодӣ беихтиёр дар чашмонашон ҳалқа зад ва изҳор намуданд, ки: «Ин кӯза аз хок нест, аз зар аст! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!» Хушбахтона ҳоло ин нигораи нодири таърихӣ дар гӯшаи ваҳдати миллӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар қатори дигар кӯзаю армуғонҳо бо рамзи Эҳёи ваҳдат ба намоиш гузошта шудааст.
Фирдавси АБДУЛҲАМИД,
сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2018    №: 121    Мутолиа карданд: 959
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед