logo

фарҳанг

КИТОБИ ТОЗАНАШР

Бузургтарин дастоварди даврони истиқлол дар Тоҷикистон таъмину таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб мешавад. Баррасии ҳамаҷонибаи дастовардҳои сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши амиқи на танҳо коршиносони алоҳида, балки ниҳодҳои иҷтимоии бонуфузи ҷаҳонӣ гардид. Ба ризояти умумӣ ва сулҳи пойдор муваффақ гардидани тоҷиконро коршиносони хориҷӣ ҳамчун падидаи нигиносои асри бист арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ - байналмилалии Фонди «Муколамаи АвруОсиё» Эмсал Коч дар муқаддимаи китоби «Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо» чунин навиштааст: «Кӯшишҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи расидан ба сулҳу ваҳдат манзури оламиён гардид. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ гаштааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаро омӯхта, дар ҳалли буҳронҳои сиёсӣ истифода менамояд». Коршиноси Ингилистон Кэтрин Баренс бошад, дар ин маврид чунин андеша рондааст: «Ҷараёни муноқишаи тоҷиконро хуб баррасӣ намуда, муайян сохтан лозим аст, ки чи тавр ин сабақи тоҷикон метавонад барои хубтар фаҳмидани ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи дигар ба мо кумак расонад».
Албатта, ҳифзу гиромидошт ва мавриди омӯзишу истифода қарор додани ин сабақҳои басо арзишманди таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Дар ин робита, таҳкими тафаккури ягонаи миллӣ ва дар заминаи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик тарбия намудани мардум, хусусан насли ҷавон пояндагӣ ва устувории ваҳдати миллиро таъмин менамояд.
Хушбахтона, дар тӯли 21 соли рушди ҳаёти ҷомеа доир ба масоили ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ дар Тоҷикистон теъдоди зиёди осори олимону адибон, коршиносону мутахассисони соҳаҳои мухталиф интишор ёфт. Бо мақсади шинос намудани аҳли ҷомеа ва муаррифию тавсияи адабиёти нашршуда оид ба масоили ваҳдат ва ваҳдатшиносӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон китобномаи «Ваҳдати миллӣ»-ро дар ду ҷилд ба табъ расонданд, ки 2954 маводи чопии солҳои 1991-2017 нашршударо фаро гирифта, барои бештару хубтар ошноӣ пайдо кардани аҳли ҷомеа ба дастовардҳои сулҳи тоҷикон ҳамчун роҳнамо мусоидат менамоянд.
Шариф КОМИЛЗОДА,
директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2018    №: 122-123    Мутолиа карданд: 710
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед