logo

сиёсат

СИПАРИ МИЛЛАТ

Аз  замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки он аз тариқи сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҷанги шаҳрвандии зиёда аз 6 сол дар мамлакат тӯлкашида хотима бахшид, 21 сол сипарӣ мегардад.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки барои ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани халқи тоҷик як қатор омилҳо, аз ҷумла дарк накардани моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ; рушд наёфтани заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ; ташаккул наёфтани низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва элитаи сиёсии миллӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ; таҳаммул карда натавонистани принсипи инкишофи давлат дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, набудани шуури баланди  сиёсӣ ва таҷрибаи сиёсии муборизаи байни ҳизбҳо, рушд кардани ифротгароии динӣ,  нобаробарии тараққиёти минтақаҳои гуногуни мамлакат мусоидат намуда, таъсири бевосита доштанд.
Сатҳи  пасти худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ва дар ин замина чуқур ва ба  таври кофӣ надонистани таъриху фарҳанги оламшумули миллати худ ва бозичаи дасти дигарон гаштан низ нақши манфии худро бозид.
Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва низоми сотсиалистӣ Ғарб худро ғолиб эҳсос намуда, минбаъд ба муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ тавассути «фалокатҳои гуманитарӣ», «инқилобҳои ранга», «ҳифзи ҳуқуқи инсон» таъсири манфии худро расондан гирифт, ки аз таъсири ин раванд Тоҷикистон низ дар канор намонд.
Андешаи олим ва ходими давлатӣ Кароматулло Олимов дар хусуси «дар Тоҷикистон доман густурдани фоҷиаи миллӣ, ки аксарияти мутлақи қурбоншудагон тоҷикон буданд, гӯё барои аз байн бурдани ин миллати қадимтарин ва соҳибфарҳанги Осиёи Марказӣ таҳрезӣ шуда буд» бе асос нест.
Баъдан, инсоният шоҳиди ҳодисаҳои бесобиқаи дахолат ба корҳои дохилии давлатҳо, аз байн бурдани  низому суботи сиёсиву иқтисодӣ, ба инобат нагирифтани иродаи аксарияти кулли халқҳо дар Сербия, Ироқ, Судон, Тунис, Яман, Ливия, Сурия ва дигар давлатҳо гардид.
Ҳодисаҳои номатлуби замони муосир дар давлатҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки заминаи воқеии аз байн бурдани суботи сиёсию иҷтимоӣ, дахолат ба низоми сиёсиву давлатдорӣ ва ба гирдоби фалокатҳои фоҷиабори миллӣ кашидани давлат ва миллатҳои  алоҳида ин, пеш аз ҳама, ҷудоӣ андохтан дар миёни шаҳрвандон ва вайрон намудани ваҳдату ягонагии халқҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳамин аст, ки имзои созишнома дар дили ҳар фарди баору баномус боварӣ ба ояндаи миллатро бедор кард. Муҳим он буд, ки хатари ба ояндаи давлату миллат ва якпорчагии мамлакат  ба миёномада бартараф карда шуд.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки Сарвари давлати мо таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандиро, ки мақсади он аз даст додан ва порча - порча кардани давлат ва бо ҳамин ба гирдоби фалокат дучор кардани халқи тоҷик буд, ба хубӣ мефаҳмид. Ӯ аз душворӣ наҳаросид, ҷиҳати рафъи он ба мардум такя кард. Бо як сарсупурдагӣ ва далерию матонат душвориҳоро қадам ба қадам  паси сар карда, халқи худро ба ваҳдат наздик оварда, ба зербинои сулҳу ваҳдат заминаи воқеӣ гузошт.
Роҳи ҳалли ҳарбӣ надоштани муноқишаи дохилидавлатиро барномаи фаъолияти худ эълон дошта, ҳалли мухолифатро бо роҳи истифодаи қувва ва  ҷанг то ғалабаи қатъӣ хато шумурда,  қатъиян онро рад карду  тарафҳоро барои созиш ва оштии миллӣ ҳидоят намуд.
Талошҳои шабонарӯзии ӯ самар оварданд ва ваъдаи дар Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааш: «Ман ба шумо сулҳ меорам», ҷомаи амал пӯшид.
Муваффақият ва музаффарияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар он буд, ки ӯ ба рисолати сулҳпарварии  миллат ва фарзандони барӯманди он боварии комил дошт. Масъулияти дар назди худ гузоштаи таърих ва миллатро эҳсос мекард. Тақдири талхи ҳазорсолаи ин миллати фарҳангофар аз ӯ пӯшида набуд.
«Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд. Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст. Мардуми тоҷик дар таърихи тӯлонии худ давраҳои бисёр  сахту сангинро сипарӣ намуда, ба фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна буҳронҳои  иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст.», таъкид доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки  моҳият ва ҷавҳари аслии ваҳдати миллиро ҳамчун ғоя ва арзиши  миллӣ дуруст дарк намоем ва онро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Аз ҳодисаҳои  пуртазод ва бе ниҳоят даҳшатовари замони  муосир, оқибатҳои хатарноки ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало гаштани халқу миллатҳо хулосаи зарурии худро бароварда тавонем.
К. КАРИМЗОДА,
муовини раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2018    №: 122-123    Мутолиа карданд: 673
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед