logo

фарҳанг

РАМЗИ РАНГОРАНГИИ ЗИНДАГӢ

Маҳсулоти қуроқӣ бештар аз матоъҳои сафед, гулобӣ, сурх, кабуд, сиёҳ, сабз, бунафш ва зард таҳия мешавад. Аҷибаш он аст, ки барои ин навъи ҳунар харидани матоъ шарт нест. Зеро он аз пораматоъҳои боқимондаи дӯзандагӣ омода мегардад. Бонувон барои таҳияи дастархон, дастбанди гаҳвора, пойандоз, курта, ҷома, тахтпӯш, кӯрпаву кӯрпача, болишт ва ҷузвдону чодар аз он  истифода мебаранд.

Сангимоҳ Қурбонова, сокини Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, аз зумраи чунин ҳунармандони чирадаст мебошад. Беш аз 55 сол ба қуроқдӯзӣ, шероздӯзӣ, тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзию гулдӯзӣ, муҳрабофӣ ва ҷӯроббофӣ машғул аст.
Имрӯз маҳсули дастонаш хонаҳои мардумро оро медиҳад. Ба гуфтаи Сангимоҳ Қурбонова, қуроқдӯзӣ як навъи ҳунарест, ки кас бо истифода аз тахайюлот ва нақшаҳои ҳандасавию рамзҳои миллӣ пораҳоро ба ҳам пайваст мекунад.
Дар ибтидо бо ангуштони нозукаш нақшҳои гуногунро тасвир мекард. Аз матоъҳои пора - пора чизе дӯхта, камбудияшро меҷуст ва, албатта, ба он навоварӣ ворид  мекард. Кунҷкобию талошҳои пайвастааш боис гардид, ки нозукиҳои ҳунарро аз бибикалон ва модараш омӯзад. Мекӯшид, то як кораш ба кори дигараш монанд набошад.
- Хонаи наварӯсонро бе ҷиҳози қуроқӣ наметавон тасаввур кард. Таҳи чодар барои навхонадорон ҳатман кӯрпачаи махсуси қуроқиро мепартоянд. Вақти бурдани арӯс ба хонаи домод, аз дастархону чодари қуроқӣ истифода мебаранд. Ҳатто солҳои пеш арӯсро либосҳои қуроқӣ ва гулдӯзӣ мепӯшонданд ва маснуоти қуроқиро ҳамчун рамзи зиндагии рангини арӯсу домод, нигоҳдоранда аз чашми бад мешинохтанд, - мегӯяд С. Қурбонова. 
Шоёни зикр аст, ки маҳсули дастони зебоиофари Сангимоҳ ва занону духтарони Ҷамоати деҳоти Сангтӯда имрӯзҳо харидорони зиёд дорад. Бино ба гуфтаи ӯ, агар ҳунарҳои мардумӣ ё маҳсули дастсоз ҷаззобу диданӣ бошанд, сайёҳон албатта аз он бо худ армуғоне ба кишвари хеш мебаранд.
Кароматулло РАҲМАТОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2018    №: 125    Мутолиа карданд: 656
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед