logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ" ВА ГИРОМИДОШТИ ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ

Академик Бобоҷон Ғафуров аз шахсиятҳои барҷаставу барӯманди миллати тоҷик мебошад, ки дар таърихи муосири тоҷикон нақши носутурданӣ дорад. Чунонки таърихнигории навини моро бе шоҳкории "Тоҷикон» тасаввур намудан ғайриимкон аст, ҳамин гуна бидуни шахсияти аллома Бобоҷон Ғафуров таърихи қарни XX миллату давлати тоҷикро наметавон тасаввур кард.
Ин аст, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 ба академик Бобоҷон Ғафуров унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуда, хидматҳои беназири ӯ дар роҳи баланд бардоштани худшиносии миллии халқи тоҷик ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ дар сатҳи олӣ эътироф гардид.
Бобоҷон Ғафуров арбоби сиёсиву давлатӣ, муаррихи барҷаста, рӯзноманигори шинохта ва ховаршиноси оламшумул аст. Дар маҷмӯъ, ӯ шахсияти на танҳо миллӣ, балки ҷаҳонист. Вале, бешак, қабл аз ҳама ӯ муаллифи китоби безаволи «Тоҷикон» аст, ки онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ «шиносномаи миллат» номидаанд. Воқеан дар таърихи нимаи дуюми асри XX халқи тоҷик асари безаволи «Тоҷикон» ҳамон нақшеро бозидааст, ки дар нимаи аввали садаи сипаригашта тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» иҷро карда буд.
Агар тазкираи устод Садриддин Айнӣ пояҳои худшиносии миллии тоҷиконро гузошта бошад, пас асари «Тоҷикон» ҳувияти миллии халқи тоҷикро оғоз аз солҳои 70 – уми садсолаи гузашта боз ҳам таҳким бахшид ва ривоҷ дод. Маҳз ба василаи ин асар мо на танҳо аз гузаштаи худ бохабар мешавем, балки худшиносиву худогоҳии милливу таърихии худро ташаккул медиҳем, арзишҳои милливу маънавии хешро қадр ва ҳифз мекунем, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ бениҳоят муҳим аст.
Аз ин лиҳоз, дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 90 – солагии Бобоҷон Ғафуров нашри такрории китоби «Тоҷикон» ба роҳ монда шуд, то ки наслҳои имрӯзаву оянда дар худ  эҳсоси миллатдӯстиву ватанпарастиро парвариш дода, аз миллату давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор намоянд. Дар ин росто, ин суханони пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат оид ба аҳамияти китоби «Тоҷикон» бояд шиори ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст қарор гирад, ки гуфтаанд: «Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Ба ин хотир, бузургдошти чунин шахсиятҳои миллӣ, қадр намудани мақому манзалати онҳо, омӯзишу таблиғи осори мондагорашон маҳз аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат маншаъ мегирад. Ва озмуне, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров эълон ва бомуваффақият ҷамъбаст намуд, маҳз дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба амал омадааст.
Бояд гуфт, ки осори мондагори бузургони гузаштаи миллат ҳамон вақт қувваи амаливу ҳамагонӣ пайдо мекунад, ҳамон вақт ба наслҳои имрӯзаву оянда самаранок хидмат менамояд, ки агар пайваста таблиғу ташвиқ гардад. Таблиғу тарғиби осори гузаштагон вазифаи ҷонии ҳар як фарди худогоҳ ва бешак воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб меравад. Ин вазифаи худро рӯзномаи миллии мо - Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» шурӯъ аз соли 1925 сарбаландона иҷро карда меояд.
Дар давраи озмун аз ҷониби олимон, адибон ва рӯзноманигорони тоҷик роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёту фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров мақолаҳои ҷолиб ва дар саҳифаҳои рӯзнома ба табъ расиданд, ки бешак дар шинохти Бобоҷон Ғафуров нақши муайяне хоҳанд гузошт. Муҳимтар аз ҳама, тавассути ин навиштаҳо хонандагон имкон пайдо намуданд, ки худшиносии миллии худро боз ҳам баланд бардошта, ба қадри соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ, арзишҳои волои таърихӣ ва ваҳдати миллӣ бирасанд.
Масрур АБДУЛЛОЗОДА,
доктори илмҳои филология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2018    №: 125    Мутолиа карданд: 648
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед