logo

фарҳанг

ЧУ ХОҲӢ, КИ НОМАТ БУВАД ҶОВИДОН…

Ҳақиқати таърихӣ рӯшан мекунад, ки ҳар миллат пас аз шинохти асолати хеш ояндасозӣ кардааст ва дар ин ҷода корнамоиву қаҳрамониҳои гузаштагонаш дарси ибрат будааст. Беҳуда нест, ки мо дар ҳассостарин лаҳзаҳои таърихӣ маҳз бо номҳои қаҳрамонони худ сар бардоштаем ва аз осори эшон ҳамчун дастури корсоз истифода бурдаем.
Озмуне, ки роҳбарияти Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хотири гиромидошти аллома Бобоҷон Ғафуров ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронд, собит намуд, ки Тоҷикистон дар роҳи эҳёи ҳофизаи таърихӣ, абадигардонии ному пайкори фарзонафарзандони хеш ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аз гузаштаи хеш сабақ меандӯзад.
Корҳои бунёдӣ ва осори безаволи аллома Ғафуров аз ҷумлаи чунин сабақҳои таърихист. Зеро ӯ дар замоне «Тоҷикон» - ро навишт, ки дастгоҳи пурқудрати шӯравӣ аз дилхоҳ матлабу мақола бӯи миллатчигӣ меҷуст ва кӯчактарин баҳона бас буд, ки сари Б. Ғафуров дар бало монад.
Коре, ки мутасаддиёни рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва вилояти Суғд анҷом доданд, ҳушдор медиҳад, ки тоҷикон дар хатарноктарин давру замон зиста, андешаи фардои миллатро кардаанд ва насли имрӯзаи онҳо дар замони осоишта бояд корҳои аз ин ҳам муҳимтарро сомон диҳанд, то ки барои ояндагон намунаи ибрат бошанд.
Дар партави номи бузургоне, ба монанди устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, номи муассисону ташкилкунандагони озмун ҳам рӯшан хоҳад шуд. Зеро баъди чунин  иқдоми дурандешона номи неки Б. Ғафуров дар зиёда аз сад мақолаи озмунӣ ёд ва хидмати мондагораш сутуда шуд.
Мо ҳарчанд аз воқеият дур мешавем, ҳақиқат бештар ба афсона омехта мешавад, аммо озмуни «Ҷумҳурият» аз ҳақиқати таърихӣ шодоб буд. Гуфтаву шунидаҳо ва ёддоштнависону матлабиншокардагон бештарашон муосири аллома Бобоҷон Ғафуров ва шахсиятҳои наҷибу озодаи ин халқу миллат буданд. Баъзе аз онҳо дар суҳбату вохӯриҳои эшон иштирок карда, аз муаллифи «Тоҷикон» некиву ёрмандиҳои бедареғ дидаанд. Ин барои боз ҳам боло рафтани сатҳи чорабинӣ мусоидат мекард.
Банда низ ҳамчун яке аз иштирокчиёни ин озмуни бошукӯҳ эҳсос кардам, ки дар қаъри таърихам, зеро дар ҳалқаи ҳамзамонони аллома будан ҳам хушоянд ва масъулиятбахш буд. Дилро ба ояндасозӣ ва обод кардани ин сарзамин таҳрик медод. Бовар дорам, ки ҳар як ҷавони навкори рӯзнома дар чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд эҳсоси монанд ба эҳсоси маро дар дил дошт.
Ҷои баргузории ҷамъбасти озмун низ қадамҷои таърих буд. Қасри Арбоб, кохе, ки дар оғӯши худ чандин шахсиятҳои фарҳангиву сиёсиро гунҷондааст ва онҳо имрӯзу фардо ҳам ба некӣ ёд мешаванд. Аз ҷумла, бунёдгари он раис Ӯрунхоҷаев, Бобоҷон Ғафуров ва дар замони муосир Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Маҳз дар ҳамин бинои муҳташам Эмомалӣ Раҳмон Парчами  Тоҷикисони соҳибистиқлолро бӯсид ва қавл дод, ки Меҳанро аз порашавӣ ва халқро аз парокандагӣ эмин медорад.
Озмуни «Ҷумҳурият» ба як пораи таърихи Тоҷикистон табдил ёфт ва ин ҷаридаи собиқадортарини кишвар рисолати бузургу таърихӣ ба дӯш доштани худро бори дигар эълом дошт.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 556
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед