logo

сиёсат

ВАҲДАТ САОДАТ ВА БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Мегӯянд, дар хонадоне, ки низоу хушунат ва ҷанҷолу хархаша нест, ин оила аз баракату саодат  ҳамеша бархӯрдор хоҳад шуд. Ваҳдат ва созгории миллӣ ба миллати аз ҷанги таҳмилӣ озору азиятдидаи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён ҳамин гуна баракату саодат овард, сулҳу субот ва зиндагии хушбахтонаи мардуми мамлакатро таъмин намуд.  Дар тӯли 21 соли пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ниҳоли умеди мардум дарахти тановар шуду меваҳои шакарбораш коми ҳамагонро ширин намуд, зери осмони сулҳу ваҳдат манзилҳо сохта шуданд, коргоҳҳо ва роҳҳо бунёд гардиданд ва сокинони мамлакат  ба армонҳояшон расиданд. Ман гуфтаи  Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро зимни боздиди ахир аз кишварамон иқтибос меорам: «Пешрафти Тоҷикистон ҳавасамро оварду шодам кард».
 Ҳар меҳмони ба Тоҷикистон омада, бо хотироти хушу гуворо ба диёраш бармегардад. Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ин ҳақиқати воқеиро чунин ифода намуд: «Душанбе  хеле зебо шудааст. Ин мӯҷиби шодию ифтихор аст».
Мо аз ваҳдати миллӣ меболем, сулҳу суботро бузургтарин музаффарияти Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мешуморем.
Моҳи марти соли ҷорӣ бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омаданд. Он рӯзҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз шабакаҳои телевизионӣ бо чашми умед ба ҷараёни дидору мулоқотҳо назар медӯхтанд. Медиданд, ки сарварони ду давлати ба ҳам дӯст ҳамдигарро бо меҳру шодӣ ба оғӯш мегиранд, аз боби дӯстию бародарӣ ҳарф мезананд, андешаю пешниҳодҳои ҷолибро дар бораи  пурзӯр намудани робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ баён мекунанд. Имзо шудани 21 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар, муҳимтар аз ҳама, имзои қарордод дар бораи боз кардани гузаргоҳҳои гумрукӣ ба амалӣ гардидани орзуҳои деринаи халқҳои тоҷику ӯзбек роҳ кушод. Ба андешаи ман, сабаби асосии эҳёи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ин, пеш аз ҳама, дар Тоҷикистон ба таври бебозгашт фароҳам омадани сулҳу оромӣ ва суботи воқеии ҷомеа аст. Боздиди ҳайатҳои вакилони ду кишвар  ба мамлакатҳои ҳамдигар, ҳалли масъалаҳои сарҳад, иқтисод ва коммуникатсия, ташкили намоишгоҳҳои байналмилалӣ, сафарҳои ҳунарии устодони санъат ва чандин чорабиниҳои дигар далели ин гуфтаҳоанд.
21 - уми март ҳайати намояндагони вилояти Суғд дар ҷашни Наврӯзи Самарқанд иштирок карданд. Баъдтар, Рӯзҳои вилояти Суғд дар Самарқанди бостонӣ доир гардид. Рӯзҳои наздик бародарони самарқандии мо дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Самарқанд дар вилояти Суғд иштирок мекунанд. Мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо, таҳкими ҳамкорӣ, боварӣ ва дӯстии абадист, ки ба шарофати сулҳу ваҳдат ба даст омадааст.
Оё имрӯз дар ҷаҳон каманд қавму миллатҳое, ки чунин ҳамбастагию ҳамкориро ҳамчун беҳтарин орзу дар дил мепарваранд аммо ба муроди дил расида наметавонанд?
Сабақҳои ҷангу моҷароҳои сиёсӣ дар ин ё он кишвар бозгӯйи онанд, ки сабаби ягонаи ҳама гуна размҳо бархӯрди манфиатҳост. Тӯдаи инсонҳо ғаразҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ, минтақавиро пеш мегузоранд ва дар ин замина оташи низоъҳо барафрӯхта мешавад. Мушоҳидаи авзои ноороми бархе давлатҳои сайёра имрӯз моро ба хулосае меорад, ки қувваҳои сиёҳ миёни мардуми ноогоҳ тафриқа андохтанд. Имрӯз мо аз ҳадафҳои тафриқаандозию иғвобарангезии душманони миллат ва рақибони сиёсии давлатамон ба хубӣ огоҳем. Ин маънӣ ҳам дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва ҳам дар суханрониҳояшон дар мулоқотҳо бо зиёиён ва  намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон ба хубӣ ифода ёфтааст:
«Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем».
Ин суханҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки давлатҳои абарқудрат бо истифода аз тамоми воситаҳои дастрас раияти давлатҳои ҷудогонаро ба шӯр меоранд, гаравиши онҳоро ба ҳизбҳо, гурӯҳҳо, мазҳабҳо, ирқу нажод  тақвият медиҳанд ва дар ин заминаҳо сангарҳо ба вуҷуд меоранд. Роҳбарони ҳизби террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар паноҳи хоҷагони хориҷиашон аз боби поймол шудани ҳуқуқҳои диндорон, мавриди хушунат қарор доштани ин ё он гурӯҳҳо ба ҳар гуна воситаҳои чопию электронӣ гузоришҳо медиҳанд, давлатро ба беадолатӣ айбдор карданӣ мешаванд. Дар асл мақсади ниҳоии ин ҳизб, созмони ба ном «Давлати исломӣ», ҷараёни салафия ва ҳизбҳои террористию экстремистии дигар тафриқа андохтан ва ба низоъ кашидани шаҳрвандони кишварамон аст. Баъзе афроди содаю зудбовар ба ин гуфтаҳо ва ҳадафҳои бадтинатон бовар карда, дар кӯчаву бозор гӯё барои пуштибонии манфиатҳояшон пинҳонию ошкор сухан мегӯянд. Дар ин маврид ин таъкиди Пешвои муаззами миллат корсоз ва саривақтист:
«Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд».
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷангу кашмакашҳо дар кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла Сурия ва Афғонистон, бар асари таблиғоту дахолати кишварҳои хориҷӣ ва қудратхоҳии қавмҳо оғоз ёфтаанд. Тарғибу ташвиқи пай дар пай зеҳнҳои мардуми он кишварҳоро фаро гирифт. Муборизаи гурӯҳҳо аз тариқи расонаҳои чопиву электронӣ шурӯъ гардида, тадриҷан ба лашкаркашӣ расид. Ин зиндагӣ нест, зиндагӣ он аст, ки мардум осуда, обод ва хушбахт бошанд.
Беҳуда нест, ки бузургони илму адаби мо ҷаҳони андешаҳои хешро бо ғояҳои ваҳдатофаринӣ обод кардаанд. Онон ба забон, диёнат, таърих, урфу одат, анъанаҳои ҳеҷ касе бо чашми камбин наменигаристанд. Гавҳари инсоният назди дидаву дилашон эътибори бештар дошт. Соли 1272, вақте рӯҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба абадият пайваст, тамоми сокинони шаҳри Кония ва шаҳру мамлакатҳои дигар ба сӯгу азо нишас-танд, хоҳ мусулмон, хоҳ габру тарсо, хоҳ насронӣ - ҳар касе мегуфт, ки Мавлоно аз мо буд. Ҳаминанд ангораҳои ваҳдат, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондаанд.
Маънии ваҳдат ягонагист. Ҷое, ки манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ афзал шумурда мешаванд, барои ваҳдат ҷой боқӣ намемонад. Ваҳдат аз манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ болотар будан аст.
Мо як бор бадбахтиро аз сар гузарондем ва, аз ин рӯ, набояд ба хатои дигар роҳ диҳем. Душманону бадхоҳони миллат ва хоҷагони онҳо бояд беш аз ҳар вақти дигар ин ҳақиқати куллро бидонанд, ки мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид аст ва иҷрои ҳар гуфтаю фармудаи Пешво барояшон қарзи инсонию имонист.
Зайнура АЗИМӢ,
муовини  раиси шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 639
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед