logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ": АЗ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ТО МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар Қасри Арбоб доир шудани  маҷлиси бошукӯҳ ва ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба муносибати 21 -  умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 110 -   солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров хеле хотирмон ва пурмуҳтаво буд. Ибтикори рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо  дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ аз ҷумлаи навгониҳои солҳои охир дар таблиғи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва бузургдошти ин фарзанди бузурги халқи тоҷик мебошад.
Мақолаҳои зиёде, ки дар рӯзномаи мазкур  аз тарафи олимон, рӯзноманигорон ва намояндагони соҳаҳои гуногуни фарҳанги тоҷик ба табъ расиданд, бори дигар ҳар чи бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва истифодаи мероси ғании донишмандони тоҷик, махсусан академик Бобоҷон Ғафуров   ва зикри хидматҳои  арзишманди ин фарзонаи миллатро  дар сиёсат ва илми ҷаҳонӣ ба манзури боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ  амри зарур донистанд.
Асарҳои Б. Ғафуров, ки доир ба проблемаҳои актуалии таърих ва фарҳанги тоҷик ва саҳми ин миллат дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ мебошанд,  барҳақ ӯро  шуҳрати ҷаҳонӣ бахшиданд. Имрӯз  ин осор дар шароити соҳибистиқлолии кишварамон  боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.
Аз ҳамин ҷиҳат, Пешвои миллат арзиши баланди осор ва фаъолияти амалии Бобоҷон Ғафуровро,  ки аҳамияти бузург дар  худшиносии миллӣ дорад, ба назар гирифта, «Тоҷикон» - и ӯро асари ҷовидонӣ номидаанд.
Иштирокдорон иқдоми идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  роҳбарияти вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро  дар таблиғи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва  хидматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  ноил шудан ба ваҳдат ва таҳкими он  кори хеле муҳим ва дорои аҳамияти тарбиявии муассир арзёбӣ намуданд.
Раиси вилояти Суғд Р. Аҳмадзода пешниҳодро роҷеъ ба чопи мақолаҳои дар рӯзнома ба нашр расида дар шакли китоб  маъқул дониста, омодагии худро ба ин кори муҳим иброз дошт, ки иштирокдорон онро бо изҳори миннатдорӣ истиқбол намуданд. Раиси вилоят, дар навбати худ, изҳор намуд, ки дар мавзӯъҳои дигар низ баргузор намудани чунин озмунҳо, бешубҳа, барои боло рафтани шуури худогоҳӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ ва давлатӣ нақши муҳим  хоҳад дошт.
Кароматулло ОЛИМОВ,
академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 627
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед