logo

фарҳанг

СУХАН ВА СУХАНВАРӢ

Васфи сухан ва суханварӣ, яъне ситоиши калом, фасоҳату балоғат, маҳорати суханварӣ, хушгӯйӣ, бадеҳагӯйӣ, сухандонӣ, доди сухан додан ва ғайра дар осори адибони мо аз мақоми баланд бархӯрдор мебошад. Воқеан, дар шеъру адаби мо қаламкаше нест, ки ба ин мавзӯъ рӯ наоварда бошад.
Дар «Авасто», дар осори паҳлавӣ, дар осори адибони замони Сомониён ва баъд аз он мо бо афкору орои ибратомӯз вомехӯрем, ки ба сухан ва суханварӣ ихтисос дода шудаанд. Ин гуфтори Абушакур забонзади хоссу ом аст:
Шунидам, ки бошад забони сухан
Чу алмоси буррону теғи куҳан.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кашад морро.

Аммо васфи сухан ва суханварӣ дар «Шоҳнома» густариш ва танаввуи зиёд пайдо менамояд. Фирдавсӣ дар ин асар на танҳо сухан ва суханвариро васф менамояд, балки роҷеъ ба аҳамияту ҷойгоҳ, шарту шароити он низ изҳори назар менамояд ва дар ин замина доди сухан медиҳад. Ӯ суханро ёдгори бегазанд ва ҷовидона медонад ва мегӯяд:
Сухан монад андар ҷаҳон ёдгор,
Сухан беҳтар аз гавҳари шоҳвор.

Мусаллам аст, ки сухан баёнгари шахсият ва бозтобдиҳандаи фикру андешаи гӯндаи он аст. Аз ин рӯ, мақсаду мароми инсонро аз сухани ӯ метавон фаҳмид ва ташхис дод. Ба гуфтаи Абдураҳмони Ҷомӣ:
Ҳар чи ба дил ҳаст зи поку палид,
Дар сухан ояд асари он падид.

Сухан дар зиндагии инсон мақоми бузург дорад. Он ҳам мекушад, ҳам зинда мекунад. Аз ин хотир, суханро шуарову удабо ба теғ монанд кардаанд, ки андаке беэҳтиётӣ метавонад сари соҳибашро ба боди фано биспорад.
 Сухан асосан ду навъ мешавад: сода ва мураккаб. Сухани сода писандида аст, аммо сухани мураккаб нописанд. Аз ин хотир, аҳли адаб, сухансанҷон, пажӯҳишгарон каломи печидаву мураккабро заъфи таълиф донистаанд ва халлоқи онро ҳамчун мутакаллиф, муғлақнавис мавриди интиқод қарор додаанд. Баръакс, сухани содаву табииро ҳунари муаллиф дониста, худованди онро ҳамчун устод сутудаанд, зеро ин гуна суханро ҳамагон - хоссу ом мефаҳманд, аз мазмунаш баҳраманд мешаванд, аммо каломи печидаро, ки бо такаллуфу санъатгарӣ ҳамроҳ аст, касе ба ҷуз муаллифаш намефаҳмад, аз мазмунаш баҳраманд намешавад.  
Аксар адибони бузург аз содагӣ ва равшан будани сухани худ меболанд, фахр менамоянд, зеро фасоҳат ва балоғати сухан дар содагию равонии он зоҳир мешавад. Ҳатто шоирони нозукхаёлу маъниофарине чун Урфию Калиму Соиб, ки дар садр ва авҷи сабки ҳиндӣ қарор доранд, на аз ашъори матину хаёлангез, рангину мамлу аз кинояву истиораву маҷози худ, балки аз каломи содаву равшан ва мазомини ҳамафаҳму омгири худ ифтихор меварзанд.
Хулоса, васфи сухан ва суханварӣ дар осори  адибони гузаштаву имрӯзаи мо ҷойгоҳи рафеъ дорад. Ин далели он аст, ки адибони мо масъулият ва маъмурияти худро дар назди мардум ва ҷомеа хуб дарк намудаанд ва осори арзишманд дар ин замина гузоштаанд, ки барои ҳамаи маконҳову замонҳо хидмат менамоянд. Воқеан, инсон аз соири мавҷудоти зинда бо нутқи худ фарқ мекунад. Ӯ маҳз тавассути нутқ, сухани дилпазиру ҷонфизо ҳаёти худро сару сомон мебахшад. Аз ин хотир, адибон суханро ҷон гуфтаанд ва сарвати бебаҳои ҳастӣ хондаанд.
Ҷамолиддин САИДЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2018    №: 129    Мутолиа карданд: 949
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед