logo

фарҳанг

ДАСТОНИ ДАР ЗАР ТАР

Аз бахши китобҳои  нодири Китобхонаи миллӣ ба рисолаи «Нақшу нигори тоҷикони кӯҳманзари болооби Амударё ва қирғизҳои Помир» даст ёфтам, ки маҳсули пажӯҳиши мардумшинос М. Андреев буд. Китоби хурдҳаҷм бо арзиши бузург, соли 1928 бо теъдоди 600 нусха дар шаҳри Тошканд нашр шудааст. Арзиши таҳқиқро соядасти муаллиф бо хати зебо ва хонои насх меафзуд.
Ба фарзанди мубориз ва шарафманди миллат ва яке аз масъулону бунёдгузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин мазмун «Ба рафиқи муҳтарам Мирзо Абдулқодир ин асар аз тарафи муаллиф бо эҳтироми тамом тақдим мешавад».
Соядаст собит мекунад, ки Абдуқодир Муҳиддинов, раиси вақти Кумитаи инқилобии умумибухоро, миёни муҳаққиқон обрӯи хосса ва ҳамчун фарзанди фарҳангпарвари тоҷик эътибор дошт. Ӯ бо камогоҳон ва бетафовутон пайкори ҷиддӣ ороста буд ва дар муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон такягоҳи устод С. Айнӣ ба шумор мерафт. Ва эҷоди ҳар нафар дар сифати мардумаш ба дардаш мехӯрд.
Миёни мардуми кӯҳманзар ибораи «дастони дар зар» маъмул аст, ки дар нишони ҳунарварон бувад. Яъне маънои аз панҷ панҷааш ҳунар мерезад. Ва занони тоҷик бо масъулияти бар дӯш доштаашон  дар рӯзгор аз он ҷумлаанд. Аз пухтупаз то озину оро додани дару погаҳ, гулбасту гулдӯзиҳои пироҳану рӯмол, ҷиҳози хона ба эшон марбут аст.  Чеварони гулдаст ва кулолони ҳунарваранд.
Ва М. Андреев аз ҳамин хусус менависад. Ба қавли ӯ новобаста ба шароити сангини табиӣ ва иқтисодӣ муҳаббат ба зебоӣ ва завқи воло дар нақшу нигорҳо муассир ва сазовори таҳсин таҷассум ёфтанд.
Мардумшинос аз табиати зебои кӯҳманзар ва салиқаи ҳунармандон, ки дар заминаи анъанаҳои мардумӣ шакл мегиранд, мафтун мешавад. Аз ин рӯ, таъкид мекунад: «Устоди мумтози ороиш дар хонаи тоҷик зан аст. Ӯ деворҳои хонаро сафедӣ зада, бо нақшҳои сода ва тасвирҳо оро медиҳад. Ранг мезанад аз дуда ва гил. Он ҷо боғистон, пода ва саворагони болои аспи дар дав ва нахчирро метавон тахсис кард».
Ҳарчанд бо мамнуоти ислом тоҷик ҷисмҳои зиндаро тасвир намекард, вале ба василаи эҷодаш бо гиёҳу рустанӣ дар тахайюл ва тасаввураш  ҷон мебахшид.
Чанор дар тасаввуроти тоҷик партави шоирона дорад, андешаашро хулоса мекунад муҳаққиқ. Баргҳои чанор бо зоҳир панҷаи инсонро мемонад, ки дар гулдӯзиҳо нақш меёбанд. Ва китоби дигаранд, балки мусавараанд ё сурудаҳои рангинанд  дар матоъ.
Гулдӯзиҳои тоҷик аз назари муҳаққиқ олами хаёлот ва муъҷизаи бесобиқа аст. Воқеан, муҳитро ба тарзи худ тасаввур ва тасвир мекунад. Ҳар як гулдӯз намунаҳои эҷоди худро дорад,ки онро нусха (нусқа) мегӯянд, натиҷа мегирад муҳаққиқ. Воқеан, қаламкашон (қаламзанҳо) нусхаҳои хоссаро нигаҳдорӣ мекарданд, ки маҳсули бовар ва асрори мактаби ҳунарӣ буданд.
Бино ба навиштаи М. Андреев «Нусхагирӣ таърихи хеле куҳан дорад. Ҳунарварон ба ҷои коғаз пора ва тикаи матоъро истифода мекарданд. Дар он намунаи нақшҳои хушомадашро, ки барояш фардо лозим мешавад ва ҳаводоронашро меафзояд, нусха мегирифт».
Инчунин, намунаҳо дар нусхаи «пайи кабк (дар гиребони  хилъат, маъмул дар  Шуғнону Рушон), ситораҳо, турнаҳо, анвои гулҳо (водии Яхсу ва Вахиё) ва ғайра мунъакис мешуданд. Яъне, мактаби хоссаи ҳунарварро намоиш медод. Нусхаҳо асрори эшон буд ва яке аз дигаре тафриқа дошт. Маҷмӯи онро М. Андреев ба албоме ташбеҳ медиҳад, ки ҳар рангу мазмун доранд. Нусхаҳо дар миёни ҷӯробдӯзон низ маъмул буд.
Бавижа, нақш дар шероза ва ҷӯробҳои мардуми Бадахшон асрору таърихи ғалатӣ доранд, тасдиқ мекунад ин мардумшинос ва меафзояд, ки соли 1925 ба мо муяссар шуд, ки 80 намунаи нақшу нигори ҷӯробҳоро гирд биёварем. Ӯ андешаашро идома дода, кӯҳистонро ватани пайдоиши нақшу нигори  ибтидоӣ   мешуморад, ки дар шаклҳои   ҳандасӣ боқӣ мондаанд.
Осори бостоншиносӣ дар намунаҳои гулпартоӣ, тасвирҳо дар сангу зарфҳо дар шаклҳои ҳандасӣ хулосаи муҳаққиқро тасдиқ мекунад.
Орои рӯбандҳо  бо тасвири хурӯс, ба қавли муҳаққиқ дар Вахиё ва Ёхсу ҷолибанд. Ин мазмуни густариш хурдаест, ки ба қудсӣ шуморидани ҷонвари саҳархез дар пайвандист. Хурӯс ҳамчун намояндаи эзиди Суруш ҳар субҳ мардумро аз партави рӯшноӣ огоҳ мекунад.
Таваҷҷуҳи М. Андреев ба кӯзагарон, ки бештарашон занонанд, зиёд аст. Ӯ менависад, ки  дар водии Ёхсу  нақшу нигори кӯзаҳои аз рангҳои сурху қаҳваранги ангобхӯрда (масолеҳ аз доманакӯҳҳо ба даст оварда мешавад) тасвирҳои зарфҳои Юнони қадимро ёд меоранд. Ин намунаҳоро занон меофаранд.
М. Андреев  ба навъе  аз анбори қадима ки алҳол фаромӯш ва аз истифода баромадааст,  ёд мекунад. Ӯ менависад, ки  кулӣ (ғулӣ) аз гил ба сони қуттии бузург сохта мешавад. Ин қабил эҷоду маҳсули дасти занони Ховалинг  мебошад. Кулӣ чор пояи гилин дошта, дар  як кунҷи хона сохта  мешуд ва то 500 кг  ордро мегунҷонд. Аз поён сӯрохӣ дошт, ки кадбонуҳо миқдори зарурии ордро мегирифтанд.
Дар ҳамин кулӣ гиёҳи афсонавие тасвир шуда, намуна аз гандум дорад, бо баргҳои паҳн ва  ба сони шуои офтоб паҳну панҷа мезанад. Мардумшиноси барҷаста бо эҳсоси гарму бо рағбати зиёд ҳунармандии сокинони кӯҳистонро тараннум мекунад. Ва ӯ танҳо нест,  мушоҳида ва  навиштаҳои  М. Андреевро муҳаққиқони дигар низ дар осорашон тасдиқ карданд.
Метавон натиҷа гирифт, ки ибораи куҳани «Дастони дар зар тар» бе ҳикмат нест. Занони кӯҳистони ин даврон низ ҳунарваранду аз панҷаҳояшон зар мерезад.
Ҷонибек АСРОРИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2018    №: 130    Мутолиа карданд: 722
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед