logo

сиёсат

ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ

Яке аз унсурҳои муҳими фардӣ ва иҷтимоии тақвияти пояҳои ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ ин шукргузорист, ки Пешвои миллат дар ҳама нутқу суҳбатҳои хеш умедворона ва эътиқодмандона мардуми шарафманди моро ба шукрона кардан ба хотири «ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон»  даъват менамоянд.
«Сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи тоҷик мебошад». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  27 июни соли 2018 ба ифтихори  Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом мавридшиносона ва дурбинона  тазаккур дода, аз ҳамагон ватанхоҳона даъват ба амал оварданд, ки «ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз фаҳмондани моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим мебошад».
Дар паси ҳар ҳарфи  ин даъват ва ҳидояти пешвоёна дарки рисолат, шинохти амиқи масъулият, садоқат дар ҷодаи давлатсозии шоиста, баҳодиҳии дуруст ба раванди таҳаввулоти замон ва оянданигарии хирадмандона ниҳон аст. Пешвои миллат дар заминаи намуна овардан, бо далелҳо асоснок намудани  рӯзгори пурфоҷиаи кишварҳои ноорому ҷангзадаи дунё мардуми сабақшинос ва ибратпазири Тоҷикистонро барои фаъолнокӣ ва амали меҳанпарастона дар роҳи ҳифзи истиқлол ва ваҳдат, ки ду рукни муҳими ҳастии давлати мустақил ва Ватани  маҳбубамон аст, даъвати хайрхоҳона намуданд.
Бинобар таъкиди Пешвои миллат, «бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таъмини сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем». Ин нуқтаи назари Сарвари давлатамон бунёди мустаҳками мантиқӣ дошта, ба воқеияти таърихӣ на дар мисоли кишварҳои дигар, балки дар мисоли кишвари худамон асос ёфтааст. Зеро маҳз муносибати нодуруст ва хатокорона бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатҳои умумидавлатӣ дар ибтидои соҳибистиқолӣ мардуми моро ба доми мудҳиши ҷанги ҳамватанӣ  гирифтор намуд.
Ҳамеша чунин ба назар мерасад, ки Пешвои миллат вақте аз мардуми кишвар даъват ба амал меоранд, ки ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бирасанд, доимо ба халқи огаҳдиламон эътимоду итминон доранд. Чунин дилпурии Роҳбари давлат дар суханрониашон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар низ зоҳир гардид:
«Итминони комил дорам, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳад кард».
Мо ҳам бо эътимоди қавӣ ва итминони комил зикр менамоем, ки дар ҳақиқат ҳар як узви ҷомеаи кишварамон доимо ба даъватҳои ваҳдатпарварона ва ваҳдатхоҳонаи Пешвои миллат эҳтиром гузошта, онҳоро ҳамчун ҳидоятномаи фардои боз ҳам дурахшон ва раҳнамунсози саодату пешрафт қабул доранд ва арҷ мегузоранд.
Суҳроб РӮШАНЗОДА,
раиси суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 523
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед