logo

сиёсат

МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД

Бардошт аз вохӯриҳо бо Пешвои миллат

Дар ду мулоқоти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва фаъолони хоҷагии халқ, ки дар ноҳияҳои Темурмалику  Данғара баргузор гардида буданд, иштирок ва аз ин вохӯриҳо таассуроти фаромӯшнашаванда ҳосил кардам. Тасмим гирифтам, ки бояд бардоштҳоямро аз ин вохӯриҳои мондагор ба хонандагони азизи “Ҷумҳурият” расонам. Инҳо андешаҳои шахсеанд, ки умри худро сарфи заҳмат дар риштаҳои гуногуни хоҷагии халқ, бахусус соҳаи кишоварзӣ, намудааст.

Дар меҳвари гуфтугӯ масъалаҳои муҳими имрӯзаи мамлакат оид ба пешрафти  наву тозаи соҳаҳои маънавиёт, саноату кишоварзӣ, махсусан ҳарчи бештар захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ ва бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат, қарор доштанд. Дар миёни даҳҳо нукоти раҳнамунсозе, ки Сарвари давлат баён доштанд, гуфтаи зеринашон бештар ҳар як шахси баору номуси кишварро ба баланд бардоштани масъулияти шахсӣ дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ водор месозад: «Ҳукумати мамлакат ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош дорад ва ҳамаи захираву имкониятҳоро ба ин самт сафарбар намудааст».
Ҳар боре ба суханони Сарвари давлат таваҷҷуҳ менамоям, беихтиёр аз худ мепурсам, ки ин шахсияти бемисл чӣ гуна сарчашмаи асосии мушкилиҳоро пайдо карда, ҳамзамон, роҳи ҳалли онҳоро нишон медиҳад. Барои худ хулоса мебарорам, ки  ин ҳама аз зеҳни ғайриодии фитрӣ, истеъдоди худододи аналитикӣ, таҷрибаи ҳосилнамудаи ҳаётӣ дар истеҳсолот, омӯзиши табиати кишвару одамонаш ва даҳҳо ангезаҳои хоси шахсияти давлатсоз бармеоянд. Дар мулоқоти охир, ки Пешвои миллат дар атрофи ҳолати ташвишбори хушксолии бамиёномада гуфтугӯ доштанд, низ дар мавриди вазъи баамаломада дар чарогоҳҳои вилояти Хатлон, ба таври шоиста кор нагирифтани баъзе кишоварзон аз заминҳои кишт, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои киштбоб, аҳамияти зарурӣ надодан ба захирасозии хӯроки чорво ва дигар  масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ суханронӣ намуда, бо як гуфтори оммафаҳм ва дар айни замон дорои пояи устувори илмӣ роҳҳои ҳалли душвориҳоро бо овардани намунаҳо аз гузаштаи хоҷагидорӣ як – як баён намуданд. Чунончи, солҳоеро ба ёд оварданд, ки барои чорво хӯрока комилан намерасид. Ин ба солҳои баъдиҷангӣ (солҳои 50 – уми садсолаи гузашта) тааллуқ дорад. Мардум аз нарасидани хӯроки чорво маҷбур шуданд, ки боми хонаҳои бо қамиш пӯшондашударо канда, ҳамчун хӯроки чорво истифода кунанд. Пас аз гузаштани тангдастиҳо боз хонаҳоро аз нав пӯшонданд, вале нагузоштанд, ки чорво талаф ёбад. Сарвари давлат ин мисолро барои он ёдовар шуданд, ки набояд аз ягон мушкилӣ ҳаросид. Он кас як намунаи дигареро аз хоҷагидории замони шӯравӣ ба хотир оварданд, ки бисёр омӯзанда буда, моро ба шукргузорӣ аз сиёсати давлатамон водор месозад. Дар ҳақиқат, мо - насли калонсол хуб дар ёд дорем, ки дар замони шӯравӣ ба сари ҳар як оила андози ширу гӯшту пашм ва намудҳои дигари андоз бор карда мешуд. Яъне, ҳар як сокини деҳот маҷбур буд, ки ҳар сол ба давлат миқдори муайяни гӯшт, шир (равғани зард), тухм, пашм, пӯст супорад. Боиси шукргузорист, ки чунин андозҳо дар замони мо вуҷуд надоранд.  Имрӯз аҳолӣ аз рӯи  имконият дорои молу ҳоли шахсӣ мебошанд. Касе кор надорад, ки ин ё он шахс чанд сар молу гов дорад ва ҳар як оила озод аст, ки хоҷагии шахсии худро рушду инкишоф диҳад. Шукр, ки ҳоло оилаҳое ҳастанд, ки шумораи молашон аз сад сар ҳам бештар аст ва ин барояшон имкон додааст, ки бо фарзандони худ маҳсулоти ба даст овардаро гардиш дода, ҳамчун фермер ё хоҷагидори муваффақ эътирофи мардум шаванд.
Ман як инсони заминӣ, заҳматкаш, кордону коромӯхтаро аз ноҳияи Данғара мешинохтам, ки дорои сифатҳои олии деҳқонӣ буданд. Он кас акаи Нуриддинанд (ҷояшон ҷаннат бод), ки миллати тоҷик ба некӣ ёдаш мекунад. Акаи Нуриддин аз заминҳои беҳосилу  санги оҳакдор танҳо бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҳунару кордонӣ тавонистанд, ки ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ рӯёнанд. Якҷо бо мардум заҳмат мекашиданд, вале намегузоштанд, ки як ваҷаб замин беҳосил монад. Зиндаёд имкон доштанд, ки аз заминҳои беҳтарину ҳосилхез кор гирифта, пешравии хоҷагии деҳқониашонро таъмин кунанд. Аммо акаи Нуриддин заминҳои беҳосили санглохро гирифта, ба киштзорҳои сарсабз табдил доданд. Ин барои ҳамаи кишоварзон намунаи баланди ибрат аст. Дар ин соли хушксолӣ низ мо бояд аз таҷрибаи акаи Нуриддин барин мардони ҳақиқии саҳро биомӯзем ва соҳаҳои қафомондаро пешрав гардонем. Бале, дар партави тадбири дуруст ҳар мушкил осон мешавад.
Маро зеҳни ғайриодии Пешвои миллат дар ҷаҳоншиносиву инсоншиносӣ, пайванд кардани гузаштаи таърихии миллат бо замони нав, раҳоӣ ёфтан аз анъанаҳои хурофотӣ ва дар марҳилаҳои гуногуни давлатсозӣ барои гузаштан аз монеаҳои табииву сунъӣ дарёфтани тадбирҳои мушаххасу раҳоибахш ҳамеша дар ҳайрат мегузорад.
Ман дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти ҷаҳоншиносу давлатсози беҳамторо мебинам ва фаъолияти рӯзмарраашон дар ҳама соҳаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ баёнгари чунин сифатҳои олӣ мебошанд.
Хушбахтона, дар мамлакати мо соҳае нест, ки аз назари дақиқи Пешвои муаззами миллат берун монда бошад. Муҳимтарин иқдоми Сарвари давлат зина ба зина ҳал намудани масъалаҳои давлатдорӣ ва дар ин замина пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маърифатнокии мардум мебошад.
Агар имрӯзро бо даҳ соли гузашта муқоиса кунем, дармеёбем, ки дар ин муддати барои давлатдорӣ кӯтоҳ ба кадом дастоварду комёбиҳои чашмрас ноил гардидаем. Ин комёбиҳои азим дар пешравии соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла обчакорию боғдорӣ, ободонии шаҳру деҳот, бунёди роҳҳо, шифохонаҳо, марказҳои истироҳатӣ, муассисаҳои маориф ва томактабӣ, манзилҳои истиқоматӣ, иншооти муҳими зиндагисоз ва тадриҷан беҳ шудани зиндагии мардум, бармало эҳсос мешавад.
Мо даштҳои хушку ташналаби Данғараро дар ёд дорем. Ин даштҳои фароху ҳамвор, воқеан ҳам, садсолаҳо интизорӣ мекашиданд, то мушкилкушое пайдо шуда, серобашон кунад. Имрӯз он мушкилкушои деринтизор пайдо шуд. Ба даштҳои беҷон акнун об паёми ҷонро расонд. Гуфтаанд, ки корҳои бузургро мардони бузург уҳда карда метавонанд. Имрӯз ин даштҳо ба таври тасаввурнашаванда обод ва   макони зисту корнамоии мардум шуда истодаанд.  Акнун киштаҳои ин заминҳои садсолаҳо бекорхобида неъмати замони истиқлол  бор меоранд.
Боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст, ки имрӯз масъалаи глобалии  обро Сарвари давлати мо аз минбари ҷаҳонӣ бардошта, дар ҷаҳон як ҷунбиши ҷиддии ҳаётбахше эҷод кардааст. Имрӯз ҷаҳон дар шароити  дигаршавии иқлими сайёра қарор дорад, ки он ба сатҳи ҷаҳонии истеҳсоли неъматҳои моддӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин носозгории табиатро дар қаламрави кишварамон, аз ҷумла хоҷагиҳои минтақаи  Кӯлоб, метавон эҳсос кард. Як қатор заминҳои хоҷагии мо низ дар заминҳои сангоб ҷойгир буда, ба оби зиёд эҳтиёҷ доранд. Дар шароити беборишии имсола аллакай, мушкилиҳои зиёде пеш омадаанд. Рӯидани алафҳои табиӣ мисли солҳои пеш нест. Равшан аст, ки ин ҳолат аҳолиро бо мушкилоти зиёди таъмин намудани чорвои ҷамъиятию шахсӣ бо хӯроки табиӣ дучор мегардонад. Дар бисёр кӯҳу пуштаҳо алаф ба дараҷаи даркорӣ сабзиш наёфта, дар аксари заминҳо хушкидааст. Қатъи назар аз ин, дар хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳалли масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, сохтмони ҳаммом, коргоҳи дӯзандагӣ, дастгирии фаъолиятҳои соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба иҷтимоиёт ва беҳсозии зиндагии мардум дар маркази эътибори роҳбарият қарор дорад. Мо ҳоло ба таври ҳашар захираи хӯрокиро ҳам барои чорвои ҷамъиятӣ ва ҳам шахсӣ фаровон менамоем. Чандест, ки дар хоҷагии мо барои расидан ба ин мақсад гурӯҳи ташаббускор амал карда, маъракаи омодасозии хӯроки чорворо “Ҷабҳаи зарбдор” номидаанд. Онҳо дигаронро низ ба ин маъракаи муҳим ҷалб менамоянд, то барои эҳтиёҷоти чорвои шахсии худӣ низ замина ба вуҷуд оранд. Мо, аллакай, як миқдори зарурии хӯроки чорворо ҷамъ овардаем  ва аз ин ҳисоб метавонем ба хоҷагиҳое, ки алафзорашон сӯхта, хушк шудааст, ёрӣ расонем. Ҳоло мо ба зимистон тайёрии ҷиддӣ дида истодаем. Бо ин мақсад, кишти хӯроки чорво дар маркази диққат қарор дорад.
Мо ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар атрофи Сарвари давлатамон гирду ҷамъ меоем ва ҳама гуна мушкилиро сарҷамъона ҳал мекунем. Мо мекӯшем, ки имсол низ аз ин вазъи душвор сарбаландона бароем ва ҳамаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро содиқона иҷро намоем.
Абдуҷаббор ЗАРДИЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон,
раиси хоҷагии кооперативӣ – тиҷоратии  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 495
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед