logo

туризм

САЙЁҲИИ СОЛИМГАРДОНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАРРО ТАҚОЗО ДОРАД

Тибқи арзёбии коршиносон туризми табобатӣ – солимгардонӣ яке аз самтҳои ояндадори саноати сайёҳӣ ба шумор меравад. Ҳоло дар асоси осоишгоҳҳои иқлимӣ, балнеологӣ, лойӣ шаклҳои нави солимгардӣ – SPA, Wellnes, Fitnes ба вуҷуд омадаанд.
Сайёҳии солимгардонӣ ва барқароркунӣ дар ҳаёти ҳар инсон муҳим ва рағбатовар арзёбӣ мегардад. Зеро ба ғайр аз барқарор  кардани саломатии худ метавон саёҳат, гаштугузор ва истироҳат кард.
Сарзамини Тоҷикистон табиати бою нотакрор дошта, чашмаҳои шифобахши он бахше аз сарватҳои бебаҳояш мебошанд. Дар Тоҷикистон 200  чашмаи оби минералии шифобахш мавҷуд аст, ки 71 –тои он дорои оби гарм ва 43 - тои дигар оби хунук мебошад.
Қобили зикр аст, ки чашмаҳои шифобахш на танҳо барои солимгардонии аҳолии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд, балки истифодаи онҳо ҳамчун минтақаҳои сайёҳӣ бамаврид ва фоидаоваранд. Аз ин сабаб, ташкилу тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва барпосозии иншооти табобатию истироҳатӣ дар мамлакати мо пеш аз ҳама аҳамияти иқтисодӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ дорад. Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон чашмаҳои Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ҳавотоғ, Зумрад, чашмаи Биби Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун ва Зонг мебошанд, ки барои барқарорсозии саломатии инсон манфиати зиёд доранд. Дар назди ин чашмаҳо осоишгоҳҳо фаъолиятз мебаранд, ки байни мардуми маҳаллӣ ва давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо хусусиятҳои солимгардонӣ маъруфанд.
Барои равнақи сайёҳии табобатӣ омода кардани шароит, тарбияи мутахассисон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Ба гуфтаи коршиносон ба рушди сайёҳии солимгардонӣ омилҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ, аз ҷумла тарғибу ташвиқи мавзеъҳои табиии барои саломатӣ фоидабахш, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, фарҳанг ва ҳисси зебошиносии мардум таъсир мерасонанд. Ин агар аз як ҷониб боиси ривоҷу равнақи туризми дохилӣ гардад, аз сӯи дигар сокинон бо мақсади табобат ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мераванд ва ба ин васила ошноияшон бо мардумони дигар маҳал бештар мешавад.
Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, ки дар сурати мавҷудияти сармоя, технологияи пешрафта ва мутахассисони ҳирфавӣ соҳаи сайёҳӣ рушд намояд. Иқтидори бузурги ин навъи сайёҳии кишвари мо водор месозад, ки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ аз он бештар воқиф гарданд ва барои яке аз навъҳои сердаромади сайёҳӣ табдил додани сайёҳии муолиҷавӣ дар кишвари мо мусоидат намоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 688
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед