logo

фарҳанг

ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ

Озмуни навбатии нашрияи расмии мамлакат – рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо ҳадафмандӣ ва арзиши мавзӯъ идомаи мантиқии мавзӯи озмуни соли гузаштааш: “Гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Садриддин Айнӣ” буд. Яъне, “Гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Ин озмун, бешак, адибон, донишмандону рӯзноманигоронро барои шинохти шахсияти абармарди илму сиёсат, фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Ғафуров сари ковишу андеша кашид.

Зимнан, хидмати академик Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Айнӣ дар замон ва рӯзгори сиёсатзадаву пуртаъзиқи миллати тоҷик – замони пеш аз истиқлол ҷиҳати бедорӣ, худшиносӣ, эҳёи ҳофизаи таърихии мардум, шинохти Ватани таърихиямон, муборизаҳои шадид барои ҳифзи сарзамин аз ғосибон, зинда кардани ному пайкори онҳое, ки дар ҳимояи шарафу номуси ҳамдиёрон далерона ҷон бохтаанд, басо бузург ва ибратбахш мебошад. Вале ҷонбозиҳои аҷдодони ғаюру меҳанпарастро дар марҳилаҳои доғи таърихӣ барои озодӣ ва раҳидан аз ҷабру ситами аҷнабиён донистани хонандаи имрӯз барои бақои давлату истиқлолият, ҳамбастагиву саодати миллат дучанд хизмат хоҳад кард. Пайгирии ин ҳадафи бузург аз ҷониби ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷумҳурият” шоистаи таҳсин аст.
Мавзӯи озмун донишмандони маъруфро, ки дар баробари омӯзиши осори Бобоҷон Ғафуров дар ҷавонӣ бо ин олими забардасту ифтихори миллат ҳамсуҳбат шуда, аз маслиҳату ёрияш бархӯрдор шуда буданд, ангезид, ки хотира ва лаҳзаҳои аҷиби дидор, ҷилои хираду ғамхориҳои падаронаи ӯро рӯи коғаз биёранд, аз хидматҳои беназираш дар рушди илму тарбияи олимони ҷавони тоҷик ба ҳамзамонон изҳори андеша карда, ба ин васила, ҳисси эҳтиромро ба ҷигарбанди фидоии миллат афзун намоянд.
Ба рӯзнома беш аз сад мақола ворид шуда, нигоштаҳои аз ягон ҷиҳат арзишманд ба нашр расонданд, ки оянда дар “ғафуровшиносӣ” мақоми хоссаро касб хоҳанд кард.
Дар арафаи таҷлили 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ (18.06.2018), дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корвони аҳли қалам: рӯзноманигорон, олимон, адибон, ки бо мақолаҳояшон дар озмун ширкат варзида буданд, бо сарварии сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода роҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро пеш гирифт. Ҳам сайру ҳам тамошои табиати сеҳрангези диёр, ҳам созандагиву бунёдкориҳо, ҳам ошноӣ ба ҳамдигару ҳам ёди абармарди сиёсату илм Бобоҷон Ғафуров, ки бо хизматҳои бузургу ҷасуронааш, хосса иншо ва нашри шоҳкоре чун “Тоҷикон” дар дили ҳаммиллатон сахт маскан гирифтааст. Бобоҷон Ғафуров бо ин шоҳкор қаламрави таърихии миллати тоҷикро аз замонҳои қадим муайян ва ҳуқуқҳои онро дар марҳилаи басо ҳассоси сиёсӣ ҳимоя карда тавонист. Сано бод ба чунин фарзанди вафодору тавоно!
Маҳфилҳои пур аз меҳру сафо, суҳбатҳо аз шаҳомати Истиқлолияти давлатӣ, хидмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шукуфоии Тоҷикистони азиз, баланд бардоштани эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва сарҷамъии мардум саршори ифтихор буданду барои рӯзноманигорони ҷавон дарси ибрат.
“Ҷумҳурият” боз рисолати азалии маърифатбахшӣ,  қадршиносии шахсиятҳои арзанда, сарҷамъии аҳли қаламро басо зебо ба ҷо овард. Вале, дар чунин сатҳи баланд дар қасри овозадору таърихии Арбоб бо иштирок ва суханронии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва аҳли зиёи Хуҷанди бостон ба ин андоза бошукӯҳу хотирмон ҷамъбаст гардидани озмунро чашмдор набудам. Бисёр аҷиб. Росташ, ки ба шарофати озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” ин ҳамоиш беҳтарин ҳадия ба рӯҳи поки аллома Бобоҷон Ғафуров ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ шуда, дар ёдҳо хотираи рангини нек гузошт.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 594
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед