logo

иқтисод

ДАРАХТ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Имсол зимистон камбориш омаду баҳор ҳам аз файзи боронҳои найсон бенасиб монд. Рустаниҳо аз бенамӣ дар талу теппаҳо зуд хушк шуданду чорводорони баъзе минтақаҳо барои дарёфти хӯроки молҳояшон танқисӣ кашиданд. Ва тобистон ҳам хеле гарм омад. Хосса, моҳи июл гармӣ ба авҷи аъло расида, кишоварзонро хеле серташвиш кардааст. Бинобар ин, саволи рӯз ин аст, ки чӣ гуна худро аз чунин гармои бесобиқа эмин дорем? Аксаран бар ин андешаанд, ки ниҳолу дарахтони бузург метавонанд газҳои хориҷшударо ба қадри тавон фурӯ баранд, то инсон аз ҳавои тозаву беғубор нафас бикашад.

Олимони пажӯҳишгар мегӯянд, ки 1 гектар дарахтзор вобаста аз зичии он дар тӯли сол камаш 4,6 – 6,5 тонна гази карбонатро фурӯ бурда, 3,55 тонна оксиген ҷудо мекунад. Фурӯбарии гази карбон ба синну соли дарахтон ҳам вобаста аст. Чунончи, агар як арчазори 20 - сола дар 1 сол 9 тонна гази карбонро фурӯ барад, арчазори 60 - сола 13 тоннаро фурӯ мебарад. Олимон дар фазои ҷангалзор то 300 номгӯй моддаҳои гуногуни кимиёӣ, равғанҳои эфирдор, пайвастагиҳои хушбӯй ва амсоли инҳоро муайян кардаанд. Ҷангалзор, хусусан дарахтони сӯзанбаргу арчазор, фитонсидҳои нобудсози микробҳои бемориовар хориҷ намуда, ҳаворо безарар  месозанд. Фитонсидҳо ба системаи асаби одам таъсири мусбӣ расонда, узвҳои такяву ҳаракат ва ҳозимаву дилро беҳтар мегардонанд. Масалан, фитонсидҳои муғҷаи сафедор, себи навъҳои автоновӣ ва эвкалипт ба вируси зуком таъсири марговар мерасонанд. Сайругашт дар мавзеъҳои сердолударахт асабро ором карда, хастагиро дур месозад.
Юрий Новиков, академики Академияи илмҳои табиии Русия, мегӯяд, ки як дарахти миёнсол дар гармои сахти тобистон то 300 литр об бухор мекунад. Аз ин хотир ҳар чи бештар кардани дарахтзор дар манотиқи гарм, аз ҷумла ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён, Носири Хусраву Панҷ, Ҷиликӯлу Қумсангир, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2018    №: 144    Мутолиа карданд: 490
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед