logo

фарҳанг

КАНДАКОРӢ ЧЕҲРАИ ТОҶИКИСТОНРО БА ОЛАМИЁН МЕКУШОЯД

Кандакорӣ усули коркарди бадеии чӯб, санг, устухон, гил ва гаҷ буда, аз маъмултарин намуди санъати миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон маҳсули дасти кандакоронро дар сутуну болор, дару тирезаҳои чойхонаҳо, масҷидҳо, осорхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, биноҳои маъмурӣ дидан мумкин аст.  Кандакорӣ таърихи ҳазорсола дошта, намунаҳое, ки аз ноҳияҳои Ишкошиму Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Вахш дарёфт шудаанд, ба асрҳои 8 - 10, 15 - 19 мутааллиқанд.
Дар осорхонаҳои кишвар намунаҳои олии кандакорӣ ҳифз шудаанд. Сутунҳои кандакоришуда аз деҳаҳои Рарз, Фатмев, Куруди ноҳияи Айнӣ, Оббурдони Мастчоҳ, сарсутунҳои масҷидҳои Ҳавзи Сангин, Далёни Болои шаҳри Истаравшан, Ҷомӣ дар Хуҷанд, Сурх дар Исфара бо анъанаҳои қадимаи кандакорӣ ороиш ёфтаанд. Дар зиндагии рӯзмарраи тоҷикони Помир кандакории чӯб барои ороиши хонаҳо истифода мешуд.
Санъати муосири кандакории чӯбии тоҷикон, дар ду самт инкишоф меёбад: мардумӣ ва касбӣ. Вале, дар ҳар ду ҳам анъанаҳои асримиёнагии санъати ороишӣ нигоҳ дошта шудаанд. Услуби мардумӣ идомаи анъанаҳои пешин буда, дар деҳот бисёр вомехӯрад. Кандакории касбиро имрӯз бештар наққошону меъморони соҳибмаълумот дар бунёди биноҳои муҳташами фарҳангию  маърифатӣ ба кор мебаранд.
Гаҷкорӣ аз навъҳои дигари кандакорист, ки таърихи қариб ҳазорсола дорад. Ба ин навъи санъат шоҳу ҳокимон майл доштанд. Гаҷкорӣ дар имороти қасри таърихии Ҳулбук, кӯшкҳои ҳокимони Панҷакент, Шаҳристон, бозёфтҳои Тахти Сангину Аҷинатеппа истифода шудаанд. Пештар асоси нақши кандакоронро аслан тасвирҳои дарахтон, ҳайвонот, парандаҳо, меваҳои гуногун ташкил додаанд. Давомдиҳандагони анъанаҳои кандакорӣ дар замони шӯравӣ устоҳои гулдаст усто Раҳимшайх Раҷабов, усто Очил Файзов, усто Охунҷон Ёқубов, усто Сироҷиддин Нуриддинов буданд. Кандакорони Исфараву Истаравшан беҳтарин устоҳо маҳсуб меёфтанду имрӯз ҳам касби бобоиро пос доштаанд.
«Заминкор», «Лӯлапардоз», «Пахтапардоз», «Табақапардоз»  усулҳои махсусе мебошанд, ки онҳоро то ҳол дар кандакорӣ истифода мебаранд. Дар санъати муосири Тоҷикистон кандакории чӯбиву гаҷиро дар ороиши Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, тарабхонаи «Тоҷикистон», чойхонаи «Роҳат» ва бинои Палатаи ҳисоб (собиқ китобхонаи Фирдавсӣ), дар толори меҳмонхонаҳои бузург ва баъзе биноҳои идораҳои муосир дидан мумкин аст.
Сангтарошӣ, сангкорӣ, ҳаккокӣ - кандакорӣ дар санг яке аз намудҳои қадимтарини санъати ороишӣ - амалии тоҷикон мебошад, ки намунаҳои онро дар ёдгориҳои Юнону Бохтар, Кӯшониён, Сосониён, Сомониён мебинем. Намунаҳои то ба мо расида аз касбияти баланди кандакорони рӯйи санги ҳамон давра шаҳодат медиҳанд.
Тибқи маълумоти таърихӣ дар сангҳои сари мазор, иморатҳои давраи Темуриён нақшҳои рустанишакл ва геометрӣ истифода мешуданд. Ин анъанаи қадимаро устоҳои шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан дар омодасозии нақшҳо дар сангҳои мармар ва табақҳои сафолин то ба имрӯз нигоҳ доштаву сайқал бахшидаанд. Ба армуғонҳои сангиву сафолии ҳунармандони тоҷик сайёҳони кишварҳои хориҷие, ки ба тамошои шаҳрҳои Бохтар, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Хоруғ, Кӯлоб ва  ғайра меоянд, бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Онҳоро нақшҳои печдарпечу ҳаррангаи аҷубаҳои сангин, бозичаҳои сафолӣ, табақчаҳои чӯбии кандакоришуда ба ҳайрат меоранд.
Рушди ҳунарҳои мардумӣ, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсулоти коргоҳи хонакорон аз пардохти ҳама намуди андоз озод шудаанд. Ин имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари дорои санъати волои ҳунармандӣ муаррифӣ шавад ва гузашта аз ин, боиси ҳавасманд гардидани сайёҳони зиёд ҷиҳати боздид аз чунин диёри афсонавӣ гардад. 

Қурбон АҲМАДЗОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2018    №: 146    Мутолиа карданд: 837
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед