logo

туризм

БОҒИ ИРАМ. ЧОР ФАСЛИ СОЛ ИН ҶО БАҲОР АСТ

Табиати зебову афсонавии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалаккашида ва шаршараву рӯдҳои поку мусаффо, гулу гиёҳҳои шифобахш, дарахтони ҳамешасабз, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва осори дастони пурэъҷози ҳунармандон кайҳо боз сайёҳонро мафтун кардааст. Бешубҳа чунин манозири зебое, ки ба чашм мерасанд, ба дида нуру ба дилҳо сурур мебахшанд. Бахусус табиати биҳиштосои боғҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе хастагиро рафъ ва рӯҳро болида месозанд.
Боғи Ирам аз ҷумлаи чунин ҷойҳои диданист, ки дар маркази шаҳри Душанбе бо тамоми шароитҳои замонавӣ баҳри истироҳати сокинону меҳмонон, хусусан сайёҳони хориҷӣ, хизмат мерасонад. Ин боғ дар тамоми фаслҳои сол сарсабзу гулпӯш аст. Ҳар як сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, ҳатман аз ин гулбоғи ҳамешабаҳор ва манзараҳои зебои он дидан мекунад. Боғи Ирам соли 1933 таъсис ёфта, то имрӯз дар хизмати сокинону меҳмонони пойтахт қарор дорад.
Чойхонаи боғ, ки соли 2014 дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ кушода шуд, бо нақшу нигори тоҷикӣ ороиш ёфтааст. Ин чойхонаи боҳашаммат барои 300 нафар пешбинӣ гардидааст. 
Имрӯзҳо сокинони дигар минотиқи мамлакат ҳамчун сайёҳони дохилӣ аз ин боғи хушманзара дидан мекунанд ва аз тарзи сохту меъмории он як ҷаҳон маънӣ мегиранд. Айвончаҳое, ки дар боғ сохта шудаанд, беҳтарин намунаи ҳунарҳои наққошиву кандакориро фарогиранд. Мавзеи дигари дидании амфитеатр атрофи он аст, ки барои дилхушӣ ва ҷалби ҷавонон бунёд ёфтааст ва ҳамарӯза дар он чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ гузаронда мешавад. Амфитеатр дорои 500 ҷойи нишаст буда, барои баргузории чорабиниҳои идона ва маросимҳои шодию нишот пешбинӣ шудааст. Дар ду паҳлуи дарвозаҳои асосии боғ суратҳое насб гардидаанд, ки аз таърихи давлатдории тоҷикон аз замони Авасто то Ориён ҳадс мезананд. Ин суратҳо моро водор месозанд, ки аз гузаштагони худ ва  фарҳанги пурғановати миллӣ ифтихор созем, онҳоро арҷ гузорем ва чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Масоҳати ин боғи пур аз гулу гиёҳ ва дарахтони нодир 39 гектарро ташкил медиҳад. Ин ҷо панҷ гармхона фаъолият мекунад, ки дар он гул ва ниҳолҳои нодир парвариш меёбанд. Инчунин, боғ дорои 15 айвонча буда, бо санъати волои тоҷикӣ гулкорӣ шудаанд.
Парвози кабутарон, хиромидани товусҳои зебо ва ҷунбуҷули санҷобакҳо таваҷҷуҳи ҳар як бинанда ва истироҳаткунандаро ҷалб месозад. Дар маркази боғ хонаи бадахшонӣ диққати ҳамагонро ба сохти ғайриодии худ ҷалб мекунад. Ин хона бо қадимтарин урфу одатҳои мардуми Бадахшон сохта шудааст. Рӯи ҳавлии он зину лаҷоми асп ва сабадҳои хурду калони аз навдаҳои дарахти бед сохташударо гузоштаанд, ки тамошояш касро ба сайри таърихии анъанаҳои мардуми Бадахшон мебарад.
Дар боғ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пештоқи бузурги замонавӣ бунёд гардидааст, ки ҳангоми аз он гузаштан зарраҳои борони сунъӣ мутобиқ ба фасли гармо, рӯҳи касро болида ва истироҳатро боз ҳам форам мегардонад.
Ба гуфтаи Дӯстмурод Нуров, корманди Боғи Ирам, дар боғ зиёда аз 80 намуд дастгоҳи машқкунӣ мавҷуд аст, ки ҳар субҳ ҷавонон омада тамрин мекунанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нигоҳубини боғ диққати махсус зоҳир мекунад. Пешвои миллат аз сафаре, ки дар Ҷумҳурии Беларус доштанд, барои зебоии боғ дарахтони секвия, олуи ороишӣ, булут (дуб), сарвиноз (туя), липа, тис, берёза (сафедор) ва дигар гулу буттаҳои ороишӣ оварданд. Ҳамасола шумораи зиёди чорабиниҳо, аз ҷумла Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Меҳргон, Сада, Сайри гули лола ва дигар ҷашнҳои хурду бузург дар Боғи Ирам дар сатҳи олӣ гузаронда мешаванд.
Ҳангоми сайри боғи мазкур бо Ӯктамҷон Ярмуҳаммедов ва наберааш Ясмина, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон барои тамошо ба Тоҷикистон омадаанд, ҳамсуҳбат шудам, ки таассуроташро чунин баён кард: «Чанд сол пеш бо ҳамкурсонам ба ин сарзамини биҳиштосо омада будам. Баъди тамошои манзараҳои дилфиреб, шиносоӣ бо расму ойин ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик шефтаи ин диёр гардидам. Аз сафари аввалинам то имрӯз ҳарчанд солҳои зиёд нагузашта бошад ҳам, пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанберо дар симои дигар ёфтам. Шаҳр бо сохтмонҳои навбунёд ва гулгашту хиёбонҳояш тамоман дигар шудааст. Набераам, ки бори аввал ба Тоҷикистон меояд ва аз манзараҳои зебои ин диёр дидан мекунад, мехоҳам, ки  ӯ низ аз ин сафар - сайёҳат хотироти зиёде бо худ барад».
Аз мушоҳидаҳо метавон хулоса кард, ки Боғи Ирам бо нодиртарин гулу буттаҳояш яке аз беҳтарин маконҳои дидании сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе, бахусус сайёҳон гардидааст. Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шумораи меҳмонони ин боғ афзудааст.

Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2018    №: 146    Мутолиа карданд: 942
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед