logo

туризм

СУҒД. ҶУҒРОФИЯИ ВОРИДШАВИИ САЙЁҲОН ТАВСЕА МЕЁБАД

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 370 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дидан намудааст, ки аксари онҳоро шаҳрвандони Ӯзбекистон (303,3 ҳазор), Русия (39,3 ҳазор), Қирғизистон (23,5 ҳазор) ва Қазоқистон (3,6 ҳазор) ташкил медиҳанд.
Ба ҷуз ин, шумораи зиёди сайёҳони Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Украина ва Молдова аз маконҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахшу истироҳатгоҳҳо ва табиати нотакрору мафтункунандаи вилояти Суғд баҳраманд гаштаанд.
Масъулин иброз медоранд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баланд бардоштани сатҳу сифати  хизматрасонӣ ва таҷдиди инфрасохтори соҳа барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намуд. Имрӯз дар вилоят баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат ва сайругашт барои сайёҳон ва шиносоии онҳо бо мавзеъҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ дар баробари мақомоти давлатӣ беш аз 20 ширкати сайёҳӣ самаранок фаъолият доранд. Баҳри истироҳату саёҳати меҳмонон ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 55 меҳмонхона, 13 осоишгоҳ, 26 осорхона, мавзеъҳои таърихиву фароғатӣ, минҷумла маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”, осоишгоҳи “Баҳористон” ва маҷмааи хизматрасонии меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент” бо тарҳи зебову замонавӣ дар соҳили Сирдарё, ки соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ҳамеша омодаи қабули сайёҳонанд.
Қобили таъкид аст, ки бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, боз ҳам беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои туристии Тоҷикистон ҷуғрофияи воридшавии сайёҳони хориҷӣ  ба қаламрави кишвар боз ҳам тавсеа ёфт.

Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2018    №: 150    Мутолиа карданд: 600
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед