logo

иқтисод

ЛАХШ: ТАРЗИ НАВИ КАРТОШКАПАРВАРӢ

Картошкапарварони Ҷамоати деҳоти Муксуи ноҳия  бо истифода аз таҷрибаи ғании андӯхтаи хеш усули нави картошкапарвариро ба роҳ монданд, ки ба воситаи он  аз 1,5 садяки замин 8 тонна маҳсулот  ба даст хоҳад омад. Ин таҷриба имсол нахустин бор дар таърихи картошкапарварии мамлакат дар ин макон истифода мешавад  ва зироаткорон  онро парвариши халтагӣ ном мебаранд. Онҳо бовар доранд, ки роҳи пешгирифтаашон натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани кишти картошка дар ҷамоати мо чораҳои зарурӣ андешида шуданд.  Баҳори соли равон  деҳқонони  деҳоти номбурда  майдони картошкаро ба 1036 гектар расонданд. Баробари ин, бо мақсади афзун гардондани ҳосили картошка  пайваста роҳу усулҳои самарабахшро ҷустуҷӯ менамоем. Баҳори имсол дар  ин самт сокини деҳаи Саркенҷа Абдуссалом Абдураҳимов беҳтарин усули парвариши картошкаро рӯи кор овард. Ба боварии ӯ бо ин роҳ аз 1,5 садяки гектар замин 8 тонна картошка гирифта мешавад. Чӣ гуна?
Ӯ дар замин 740 халта хоки тозаро  паҳлуи ҳам гузошта, дар ҳар кадоми онҳо се дона картошкаро аз тухмиҳои гуногун  шинондааст. Ҳоло картошкаҳои халтаҳо қад давондаю яклухт гул кардаанд. Оби бехи онҳо дастӣ таъмин карда мешавад. Аз рӯйи ҳосилбандӣ ва нашъунамои ниҳолҳо А. Абдураҳимов бовар дорад, ки аз як халта 12 килограмм ва аз майдони умумӣ 8 тонна картошка мерӯёнад. Агар ин тарзи парваришро васеъ  ба роҳ монем, он ба афзоиши чандкаратаи истеҳсоли картошка ва кам гардидани хароҷоти кори деҳқонон дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.  Ин усули зироаткорӣ қувваи кории камро талаб менамояд ва барои он фаъолияти техникаҳои кишоварзӣ тамоман лозим намеояд. Фақат хоки тозаи кӯҳистонро дар халтаҳо дар майдони муайян ҷамъ овардан зарур аст. Барои парвариши картошка бо ин тарз замини кишоварзӣ даркор нест. Онро дар заминҳои санглоху соҳили рӯду дарёҳо ба роҳ мондан имкон дорад. Ин амал дар шароити камзаминӣ  бисёр муҳим ва самарабахш мебошад, - гуфт Боқтурбек Ғаниев, раиси ҷамоат.
Ба роҳ мондани усули нави картошкапарварӣ дар ҷамоати мазкур дастоварди нахустин набуда, дар ин ҷо қариб дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар зарфи чанд соли охир аҳли деҳоти ин минтақа  ба дастовардҳои баланди иҷтимоию иқтисодӣ, хусусан дар соҳаи картошкапарварӣ, ноил шудаанд.
Аз соли 2009 инҷониб олимону мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ, ки ба  пойгоҳи илмии  «Лахш» - и ҷамоат барои кор ҷалб гардиданд, якҷо бо кишоварзони пешқадами минтақа навъҳои нави тухмии картошкаро ихтироъ ва ба афзун намудани ҳосилнокии он дар ноҳия замина гузоштанд. Тухмии навъи «Тоҷикистон» натиҷаи фаъолияти  илмию амалии кормандони ин пойгоҳ ва кишоварзони деҳоти мазкур аст, ки ҳоло наздики 80 дарсади картошкапарварон аз он истифода менамоянд. Ҳамчунин, тайи ду соли охир дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзӣ деҳқонон  навъҳои серҳосили тухмии картошкаро бо номи «Элита» ва «Супер элита»  дар истеҳсолот ҷорӣ намуда, натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст оварданд. Имрӯзҳо навъҳои мазкур мавриди истифодаи васеи кишоварзони ноҳия қарор дорад ва аз ин ҳисоб онҳо  картошкаи ватаниро дар бозорҳои кишвар  таъмин намуда истодаанд.
Пешравиҳо дар ҷодаи афзудани ҳосили картошка ва ободонию созандагиҳои деҳоти Муксу аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми он дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кор қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои олии давлату Ҳукумат ҳамеша талош менамоянд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»

АЗ ИДОРА
«Ҷумҳурият»   тасмим  гирифтааст, ки раванд ва натиҷаи татбиқи ин таҷрибаи нави картошкапарвариро дар ноҳияи Лахш пайгирӣ  намояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2018    №: 151    Мутолиа карданд: 681
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед