logo

иқтисод

СУҒД. 47 КОРХОНАИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ПАРДОХТ

Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷагирӣ аз шаш моҳи фаъолияти хоҷагии халқи вилояти Суғд таъкид шуд, ки  даромади буҷети вилоят дар ин давра 104, 3 дарсад таъмин ва ба буҷет 804, 2 миллион сомонӣ ворид шудааст. Рушди саноат 7, 8 дарсадро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 4 миллиарду 976, 1 миллион сомонӣ расид.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, рушди саноати истихроҷи маъдан ва коркарди онро комёбии беҳтарин арзёбӣ кард. Раиси вилоят, ҳамчунин, иброз дошт, ки ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар қаламрави вилоят тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудаанд. Тайи шаш моҳ 47 коргоҳи муҷаҳҳаз бо технологияи нави инноватсионии истеҳсолӣ ба фаъолият пардохт ва наздик ба 700 сокини маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ ва музди меҳнати шоиста таъмин шуданд.
Дар самти пурра таъмин кардани аҳолӣ бо ғизои тавлидоти худӣ, ки аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад, вилоят ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ним соли сипаришуда ба 1 миллиарду 881,3 миллион сомонӣ баробар шуд. Истеҳсоли картошка 1,9 баробар, сабзавот 6,3, меваҷот 21,9, ангур 6,9 дарсад афзуд. Айни ҳол дар бисёр хоҷагиҳои вилоят ҷамъоварии маҳсулоти ғалладона идома дорад ва интизор меравад, ки дар ин ҷода низ натиҷаи чашмрас ба даст меояд.
Яке аз самтҳои афзал дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамкории судманд бо ширкатҳои гуногуни кишварҳои хориҷи дуру наздик аст. Тибқи иттилои Раҷаббой Аҳмадзода, гардиши савдои хориҷӣ дар шаш моҳи соли равон ба 1 миллиарду 4,2 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 дарсад ё 52,5 миллион доллар зиёд мебошад.

 Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.08.2018    №: 153    Мутолиа карданд: 557
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед